ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

КИТОБИ НАВИ ИСФАНДИЁРИ НАЗАР БО НОМИ “ПАРАНДАҲО ДУРӮҒ НАМЕГӮЯНД” ДАР ЭРОН ЧОП ШУД

Дар Теҳрон тозатарин асари шоири Тоҷикистон устод #Исфандиёри_Назар таҳти унвони “Парандаҳо дурӯғ намегӯянд” аз сӯи нашриёти Туранҷистон чоп ва равонаи бозори китоб шуд.

Дар ин гузида, ки бо шуморагони 800 нусха ва дар 170 сафҳа чоп шуда аст, намунаҳое аз ашъори кӯтоҳ ва ҳойкувораҳои шоирро мехонед, ки дар давраҳои мухталиф навишта шудаанд.

Ин дувумин асари ҷаноби Исфандиёр аст ки дар Теҳрон мунташир мешавад. Соли гузашта баргузидаи ашъори ӯ бо номи  “Хокистарему сард” бо саъй ва эҳтимоми устод Абдулризо Чароғӣ дар Теҳрон нашр шуда буд.

Исфандиёри Назар 25-уми ноябри соли 1971 дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ба дунё омада, соли 1996 риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.  Аввалин маҷмӯи ашъори Исфандиёри Назар ҳанӯз дар замони донишҷӯияш бо номи “Руҷӯи Исфандиёр” соли 1993 нашр шуда буд.

Солҳои баъд, маҷмӯаҳои шеърии “Маро супору бирав”, “Як соқа ребос”, “Ёдгори хуну хокистар”, “Аз маъбари тӯфон”, “Эй шеър”, “Ҳамхуни Деваштич”, маҷмӯаҳои насрии “Пули ҳаром”, “Тӯмори хунин”, “Нахл дар мурдоб” аз Исфандиёри Назар ба дасти хонандагон расид.

Исфандиёри Назар чандин сол дар нашрияҳои “Ҳамроз”, “Сипар”, “ИмрӯзNews” ва “Дишидак” кор кардааст.

Аз соли 2016 дар Олмон ба сар мебарад. Соҳиби 3 фарзанд аст.

Исфандиёри Назар бо онки яке аз шоирони матраҳи адабиёти имрӯзаи тоҷик аст, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нест.

Китоби “Парандаҳо дурӯғ намегӯянд”-ро метавонед дар линки зер дастрас намоед:

https://www.30book.com/book/130404/%DA%A9%D8%AA%D8%A7%D8%A8-%D9%BE%D8%B1%D9%86%D8%AF%D9%87-%D9%87%D8%A7-%D8%AF%D8%B1%D9%88%D8%BA-%D9%86%D9%85%DB%8C-%DA%AF%D9%88%DB%8C%D9%86%D8%AF-%D8%A7%D8%AB%D8%B1-%D8%A7%D8%B3%D9%81%D9%86%D8%AF%DB%8C%D8%A7%D8%B1-%D9%86%D8%B8%D8%B1-%D9%86%D8%A7%D8%B4%D8%B1-%D8%AA%D8%B1%D9%86%D8%AC%D8%B3%D8%AA%D8%A7%D9%86?fbclid=IwAR3gPdq3U1iVvbVrCRWx0A9VUF53bLrzULt-ZON-OxWCri8V3jWcnk67zgI

Аз маҷмӯаи “Парандаҳо дуруғ намегӯянд” чанд намуна бо ҳам мехонем:

УМЕДИ ДУР…

Баҳори нозанин дубора меояд!

Парандаҳо инро ба ман гуфтанд.

Парандаҳо дурӯғ намегӯянд.

(Ман инро ба занам гуфтам…)

“Худо, ҳанӯз дарвозаҳои карамашро набастааст.”

Инро ба ман мӯсафедони деҳаамон гуфтанд.

Мӯсафедони деҳа дурӯғ намегӯянд.

(Ман ин ҳадисро ба занам гуфтам..)

“Ба умеди рӯзҳои хуб” – гуфтам ман,

Занам андуҳгинона сар ҷумбонд

Ва чашм ба абрҳои сафеде духт,

Ки рӯи мӯйу риши ман ҳамора меборанд…

БА ХОТИРИ ТУ…

Сарвҳо мерӯянд,

Санавбарҳо мерӯянд,

Шамшодҳо сабз мешаванд,

То пайкари туро ҷилва диҳанд.

Коҷҳо,

Мижгонҳоятро тақлид мекунанд

Ва ман ин ҳамаро ба хотири ту дӯст медорам.

БО ТУ

Кадом дарахт

Баҳорро фаромӯш кардааст,

Ки ман туро?

Магар ин, ки дарахт хушкида бошад…

Магар ин, ки ман мурда бошам…

СОАТИ БЕАҚРАБА

Ғурбат

Соъати беъақраба

Дар ҳуҷраи ман аст…

******

Ҳойкувораҳо

Барф

чароғи роҳ мешавад

бонги муаззин

*******

Меҳ дар пиёла

дастҳои сард

меҳмони нав.

*******

Чанори куҳан

ҷомаашро метакад

наврӯз.

*******

Хомӯшӣ шикаст

танини хомӯшак рафт

мавҷҳои истахр.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button