ВидеоИлму фанноварӣ

МУШКИЛИ ПАРВИЗ БО МИЛИСАҲО ҲАЛ ШУД: БА Ӯ БАРОИ ИДОМАИ АСТРОЭКСКУРСИЯ ИҶОЗА ДОДАНД

Парвизи Орзуқул, як донишҷӯи тоҷик, ки кормандони милитсия дар Душанбе шаби 8 ба 9 октябри соли 2022 монеи баргузории астроэкскурсия, яъне тамошои ситораҳои осмон шудаанд, хабар дод, ки ин мушкил бартараф карда шуда, ӯ астроэкскурсияҳои худро аз сар гирифтааст.

“Бо дастгирии муовини раиси дастгоҳи ВКД Умарчон Эмомали мушкилие, ки нисбати гузаронидани “Астроэкскурсия” доштем, ҳал шуд ва экскурсияро бе ягон мамониат имрӯз ҳам гузаронидем”, – навиштааст Парвизи Орзуқул дар саҳифааш дар Фейсбук.

Парвизи Орзуқул қаблан хабар дода буд, ки шаби 8 ба 9 октябри соли 2022 ду  корманди  милитсия худро нозири минтақавӣ (“участковий”) муаррифӣ кард, монеи баргузории астроэкскурсияи ӯ шудаанд. Ин ду корманди милится ҳангоми ташкили тамошои ситораҳо ба назди Парвизи Орзуқул омада, амраш додаанд, ки “асбобаш”, яъне телескопро ҷамъ карда, аз онҷо биравад ва дигар даст ба ин кор назанад. “Мумкин нест!”, гуфтаанд онҳо ба Парвиз бидуни ироаи ягон шарҳи дигар.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки президенти Тоҷикистон солҳои 2020 — 2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиат­шиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон кардааст. Як бахши ин бистсола маҳз тарғиби илму фанновариҳост.

Баъди ҳал шудани ин мушкил Парвизи Орзуқул навиштааш дар бораи рафтори кормандони милитсия аз саҳифааш пок кардааст. Вале маълум нест, ки оё он ду “участковий” барои он корашон ягон ҷазо гирифтанд ваё моҷаро  хушӣ ба хушӣ ҳал шудааст?

Парвизи Орзуқул дар риштаи энергетикаи Донишгоҳи фаннии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ таҳсил мекунад. Ӯ дар як мусоҳибааш гуфта буд, аз хурдӣ ба физика ва астрономия шавқу равғбати беандоза дошт, вале азбаски яккаписари оила асту шакки волидонаш ба ин ки аз ҳисоби физикаву астрономия оилаашро таъмин карда тавонад, боис шуд, ки ба Донишгоҳи техникӣ ҳуҷҷат супурад.

Парвизи Орзуқул ахиран баъди харидани як телескоп ҳамаро даъват кард, ки шабонаҳо барои тамошои осмону ситораҳо биоянд. Ӯ мегӯяд, ки ҳадафаш аз ин кор тарғиби илм ва васеъ кардани ҷаҳонбинии мардум, ба хусус ҷавонони тоҷик аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button