ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

КОРДЗАНӢ ДАР ТАРАБХОНА ВА САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҶАМОАТИ ЛОЛАЗОР

Шаби 9 октябр, тахминан соати 23:30, дар як тарабхона дар кӯчаи Дӯстии халқҳои шаҳри Душанбе ду ҷавони 18 ва 19-солаи сокини пойтахт  бо як сокини 26-солаи Душанбе муноқиша карда, ба қафаси синааш ду корд задаанд.

ххххххххххххххх

Рӯзи 9 октябр, тахминан соати 14:10, бар асари дар роҳи Бохтар – Данғара, дар ҳудуди ҷамоати Лолазори ноҳияи Вахш чаппа шудани мошини “Опел-Астра”, як мусофири ин мошин, сокини 42-солаи шаҳри Кӯлоб дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ошкор гардидани ҷинояти авбошӣ

001

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 9-уми октябри соли 2022, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар яке аз тарабхонаҳо, воқеъ дар кӯчаи Д.Халқҳои пойтахт, ду ҷавони 18 ва 19-солаи сокинони шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 2 маротиба ба қафаси синааш задаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида зарари ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Аз беэҳтиётӣ чаппа шудани автомашина

010

9-уми октябри соли 2022, тахминан соати 14:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Сайдалиев Аҳмад Сайдалиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара, дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Вахш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронанда Сайдалиев А.С ва мусофиронаш Назриева Ашурмоҳ Худойназаровна, соли таваллудаш 1982, Назриева Рисола Зайниддиновна, соли таваллудаш 1981 ва ноболиғ Назриев Зайниддин Айниддинович, соли таваллудаш 2018, сокинони ноҳияи Данғара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд ва Давлатов Диловар Давлаталиевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button