Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТОҶИКИСТОН МАРЗБОНҲОИ ҚИРҒИЗРО ДАР ТИРПАРРОНИИ НАВБАТӢ ДАР МАРЗ АЙБДОР КАРД

Марказҳои матбуоти Қӯшунҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ва шаҳрдории Исфара бо наҳри баёнияҳои алоҳидаи ҳаммазмун масъулияти тирпарронии субҳи 14 сентябри соли 2022 дар марзи ин кишвар бо Қирғизистонро ба дӯши марзбонҳои қирғиз бор карданд. Ба гуфтаи онҳо, марзбонони қирғиз аз посгоҳи Булакбошӣ аввалин шуда “бе ягон сабаб” ба тарафи дидбонгоҳи Кехи отряди сарҳадии Исфара аз миномёт 4 гулӯла афканад, сипас мавқеи марзбонҳои тоҷикро аз автомату пулемёти Калашников ва силоҳҳои дигари оташфишон тирборон кардаанд ва марзбонҳои тоҷик маҷбур шудаанд, оташи ҷавобӣ кушоянд. Қаблан Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон баракс марзбонони тоҷикро айбдор кард, ки дар як қитъаи баҳсии марз сангар гирифта, аввал онҳо ба тарафи марзбонҳои қирғиз оташ кушодаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон дар изҳороташ гуфт:

“14 сентябри соли 2022, тахминан, соати 07-15 дақиқа, аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт. Ғайр аз ин, аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд.

Аз тарафи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст”.

ИТТИЛОИЯИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ ШАҲРИ ИСФАРА ОИД БА ВАЗЪИЯТ ДАР МАРЗ

Санаи 14-уми сентябри соли ҷорӣ тақрибан соати 07:15 дар мавзеи наздисарҳадии “Кех”-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонон ва низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷониби наряди посбонии Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон сабаб оташ кушода шуд, ки дар ин вазъият вобаста ба ҳолати ба амал омада, наряди посбонии Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби низомиёни кирғиз оташи ҷавобӣ кушоданд.

Айни ҳол соати 09:00-и санаи 14.09.2022 дар мавзеи номбаршуда тирпарронӣ рафта истодааст. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ва захм бардоштани низомиён ё аҳолии осоишта ба қайд гирифта нашудааст.

Вазъият дар ин минтақа таҳти назорати сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.

Маркази матбуоти МИҲД ш. Исфара.

Тавре қаблан хабар додем, субҳи 14 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон,  дар мавзеи Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворухи Исфара, дар рӯбарӯи мавзеи Булакбошии ноҳияи Бодканд байни марзбонҳои тоҷику қирғиз боз тирпарронӣ сурат гирифт. Ҷамоати Ворух ҳоло аз 4 тараф дар иҳотаи деҳаҳои қирғизнишин дармондааст ва танҳо як роҳи мошингарди Ворух – Хоҷаи Аъло ин ҷамоатро бо Исфара ва боқӣ қаламрави Тоҷикистон мепайвандад.

Бино ба фарзияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, як дастаи марзбонони қирғиз дар мавзеи Булакбошӣ гуруҳи марзбонҳои тоҷикро дидаанд, ки “бар хилофи тавофуқоти қаблан бадастомада дар як қитъаи ташхисношудаи марз мавқеи ҷангӣ гирифтаанд”. Марзбонҳои қирғиз талаб кардаанд, ки марзбонҳои тоҷик ин мавзеъро тарк кунанд ва гӯё баъди ин марзбонҳои тоҷик тир кушода, аз миномётҳо низ истифода бурдаанд. Бино ба фарзияи ҷониби Қирғизистон, баъди ин марзбонҳои қирғиз низ оташи ҷавобӣ кушодаанд ва тирпарронӣ шурӯъ шуда, камокон тақрибан то соати 10 давом кардааст.

Дар пайи ин тирпарронӣ сардори раёсати нирӯҳои марзбонии вилояти Бодканд полковник Хиёлбек Толонбоев (Кыялбек Толонбаев) ва сардори раёсати марзбонии вилояти Суғд генерал-майор Х. Пиракзода телефонӣ музокирот анҷом додаанд ва ба дунбол, раисони вилоятҳои Бодканду Суғж Абдукарим Олимбоев ва Раҷаббой Аҳмадзода вориди музокирот шудаанд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 59 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва 23 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Марзи Исфараву Ворух бо ноҳияи Бодканд як нуқтаи аз ҳама доғ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button