Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ЯК САГИ ДЕВОНА ДАР КӮЛОБ 16 НАФАРРО ГАЗИДААСТ

Рўзҳои 12-13 сентябр дар шаҳри Кӯлоб як саги девона 16 нафар сокинонро газида захмӣ кардааст. Ба гуфтаи табибон ҳолати 11 нафари онҳо вазнини миёна аст ва дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Ба гуфтаи шоҳидон саги гирифтори бемории ҳорӣ аз ҷониби афроди некбин кушта, бехатар гардонида шудааст. Дар ин бора аз Маркази давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Кӯлоб ба “Пайк” хабар доданд.

Тибқи иттилои ба мо расида осебдидагон аз захми дандони ин саг сокинони маҳаллаҳои мухталифи шаҳр буда, ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Якеро аз пояш, дигариро аз бинӣ ва руяш саг газидааст. Аксари захмбардоштагон кӯдаканд ё навҷавон. Ҳама захмбардоштагон ёрии аввалиро дар Маркази ёрии таъҷилӣ гирифтаанд.

Ба гуфтаи табибони МДНСЭ-и шаҳи Кӯлоб дирӯз 16 нафар сокинони шаҳрро бо иллати осеб гирифтан аз саги ҳорӣ ба Беморхонаи сироятӣ оварда буданд. Ҳоли 11 нафари онҳо вазнини миёна буда, то ҳол бистариянд ва боқимонда аз шифохона ҷавоб дода шуданд. Осебдидагон аз синну соли 1 нафар то 2 сола, 2 нафар то 15 сола боқимонда аз то 15 сола боло ҳастанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button