ВидеоМуҳоҷирон

ЧОР РЭКЕТИРИ ТОҶИК ДАР ПЕТЕРБУРГ БО ТАЛАБИ ПУЛ ЯК ТОҶИКИ ДИГАРРО РАБУДААНД

Кормандони пулис дар вилояти Гатчинаи вилояти Ленингради Русия  рӯзи 24 августи соли 2022 ҳамаи 4 нафари гумонбар ба рабудани як муҳоҷири тоҷикро дастгир кардаанд. Одамрабоён ҳамватанони худи ӯ будаанд, ки дар Петербург ва вилояти Ленинград ба сар мебурданд.

Нашрияи маҳалли Мойка78 хабар дод, ки шоми 18 август чор нафари ношинос як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон рабуданд. Онҳо аз мошини Kia Rio фаромада, бо корд ба ин ҷавони тоҷик таҳдид кардаанд ва ӯро ба мошин бор карда, ба як қаҳвахона дар паҳлуи истгоҳи метрои “Парнас” дар канораҳои шимолии Петербург бурдаанд. Дар онҷо онҳо ҷавони ҷабрдидаро латтукӯб карда, талаб кардаанд, ки “худи ҳозир 300 ҳазор рубл бидиҳад ва сипас ҳар моҳ 50 ҳазор рубл”.

Ҷабрдида ваъда додааст, ки талаби онҳои бидуни чуну чаро иҷро мекунад. Гаравгонгирон баъди ин ӯро ҷавоб додаанд, то пули тамаъкардаашонро ҷамъ карда, биорад. Вале ӯ баъди раҳоияш рост ба шуъбаи пулис рафта, хабар додааст, ки ҳадафи рэкетирҳо қарор гирифтааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми дуюми моддаи 126 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми одамрабоӣ аз ҷониби гуруҳи муташаккилона бо маслиҳати пешакӣ бо истифода аз зӯроварӣ ва бо мақсади тамаъҷӯӣ (бандҳои “а”, “в” ва “з”) парвандаи ҷиноятӣ кушода, маводи ҷамовардаашонро алакай ба Кумитаи тафтишот супурдаанд.

Рӯзи 24 август ҳамаи 4 нафари гумӣнбаршаванда дастгир шуданд. Ин зодагони Тоҷикистон аз 31 то 35 сол дошта, феълан дар боздошт қарор доранд.

Сабаби  ҳамватани худашонро рабудану аз вай талаб кардани чунин маблағи бузург маълум нест.  Дастгиршудаҳо ва тарафи ҷабрдида барои шарҳи бештари қазия дастрас нестанд.

Тафтиши ин парванда идома дорад.  Ба дастгиршудагон барои одамрабоӣ  аз 5 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button