ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

12 СОЛ ҲУКМИ НАВИ ФАРИДУН ДАВЛАТЗОДА БАРОИ ДАЪВАТҲО БА ТЕРРОРИЗМ ДАР ЯК ЗИНДОНИ РУСИЯ

Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия (ЮОВС) дар шаҳри Ростови лаби Дон рӯзи 24 августи соли 2022  шаҳрванди Тоҷикистон Давлатзода Фаридуни Алимардонро, ки 5 сол қабл бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 12 соли зиндон маҳкум шуда, дар як маҳбаси вилояти Ростов адои ҳукм мекард, ин бор бо ҷурми терроризм боз ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Се соли аввали ҳукмашро Фаридуни Давлатзода бояд дар зиндони пӯшида адо кунад. Додгоҳ ӯро бар асоси қсими 1.1 моддаи 205.1 ва қисми. 1 моддаи 205.2 Кодекси ҷиноятии Русия дар сафед кардан ва таблиғи терроризм ва даъвати маҳбусони дигар ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ гунаҳкор шинохт.

Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия дар Телеграм-каналаш дар шарҳи ҳукми Фаридуни Давлатзода навишт:  “Муайян карда шуд, ки рӯзҳои 7 ва 30 сентябр ва 13 октябри соли 2020, айбдоршаванда, ҳангоми адои ҳукм дар як муассисаи ислоҳӣ дар ҳудуди вилояти Ростов, дар ҷараёни суҳбат бо маҳбусон амалҳои хушунатомез ва зарурати иштирок дар муборизаи мусаллаҳона ба зидди намояндагони динҳои дигар ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро сафед кардааст”.

Додгоҳи ҳарбии Русия афзудааст, ки  “Давлатзода ҳамчунин дигаронро ба анҷоми таркишҳо дар шуъбаҳои пулиси дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутақоид, даъват ва моил мекард”.

Додгоҳ тафсилоти дигар надодааст. Худи маҳкумшуда барои изҳори назар дар робита ба ин иттиҳомот ва ҳукми нисбаташ содиршуда дастрас нест.

Додгоҳ бо иловаи  7 сол муҳлати боқимонда аз ҳукми қаблиаш Фаридуни Давлатзодаро дубора ба 12 соли зиндони низомаш махсус маҳкум кард. Се соли аввалро ӯ бояд дар маҳбаси пӯшида адо кунад. Ин ҳукм ҳанӯз қувваи қонун нагирифтааст ва Давлатзода метавонад аз он шикоят кунад.

Парвандаи Фаридуни Давлатзода рӯзи 22 марти соли 2022 ба дасти додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубии Русия супурду шуда буд ва ин додгоҳ, тавре аз рӯйхатти баҳисобгарии парвандаҳояш бармеояд, барои баррасии ин парванда 11 ҷаласа доир карда, ҳукмашро рӯзи 24 август баровардааст.

Моҳи августи соли 2017 додгоҳи ноҳияи Первомайски шаҳри Ростови лаби Дон Фаридуни Давлатзодаро бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 12 соли зиндони низомаш сангин маҳкум карда буд. Росфинмониторинг ҳанӯз 11 феврали соли 2021 Фаридуни Давлатзодаро ба рӯйхатти сиёҳи ифротгароён ва террористҳо шомил кардааст.

Дар ин авохир алакай чандин ҳолати дар маҳбасҳои Русия ба зидди маҳбусони тоҷик бар асоси суҳбатҳояшон бо маҳбусони дигар кушодани парвандаҳои нави марбут ба терроризму тундгароӣ мушоҳида шудааст.

Бино ба омори расмии ФСИН – Хадамоти федералии зиндонҳои Русия, то аввали соли 2021 дар зиндонҳои ин кишвар беш аз 7 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд ва беш аз 1200 муҳоҷири дигари тоҷик дар боздоштгоҳҳои Русия таҳти тафтиш қарор доштанд. Даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Русия бо ҷурмҳои марбут ба терроризму ифротгароӣ зиндонӣ шудаанд.

Дар умум дар солҳои охир садҳо муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия бо иттиҳомоти марбут ба терроризму экстремизм дастгир ва маҳкум ба зиндон шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, муҳоҷирони корӣ дар Русия ба далели беҳуқуқӣ ва вазъи риққатбори кору зиндагиашон тӯъмаи осоне барои мубаллиғони ақидаҳои ифротӣ мешаванд. Вале ҳомиёни ҳуқуқ иддаои боздошти садҳо муҳоҷир бо иттиҳомоти терроризму тундгароиро низ зери суол мебаранд ва мегӯянд, мавридҳое фаровоне сабт шудааст, ки мақомоти амниятии Русия барои баланд нишон додани натиҷаҳои муборизаи худ бо терроризму тундгароӣ муҳоҷирони беҳуқуқро бо парвандаҳои бофтаю сохта дастгир ва ба терроризм айбдор кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button