Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ТОҶИКИСТОН ЧОРАҲОИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО ДАР МАРЗҲОЯШ ШАДИДТАР КАРД

Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус чораҳои беҳдоштиро дар мразҳои худ шадидтар кардааст. Аз Агентии авиатсияи гражданӣ ба хабаргузории русии @Sputnik_Tajikistan хабар додаанд, ки минбаъд пешниҳоди ташхиси ПСР ва ё шаҳодатномаи моякӯбӣ (ваксинатсия) ҳангоми сафар бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон ҳатмӣ мешавад. Дар агентӣ гуфтаанд, ки  ин тадбир бо назардошти афзоиши бемории коронавирус дар аксар кишварҳои ҷаҳон андешида шуда, маҳдудиятҳои ҷоришуда муваққатӣ мебошанд.

Гуфта мешавад, бархе кишварҳои дигар низ чунин маҳдудиятҳоро аз нав ҷорӣ кардаанд. Ба ин далел, аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоста шудааст, ки зимни сафар ба хориҷа, қоидаҳои вуруд ба кишвари манзури сафари худро дар бобати коронавирус бодиққат мутолиа карда, бар асоси он рафтор кунанд.

Тоҷикистон аз аввали моҳи июл дар марзҳояш тартиби санҷидани ҳарорати мусофиронро ҷорӣ кард ва аз онҳое, ки ҳарораташон баланд мебаромад, талаб мешуд, ки аз ташхиси коронавирус гузаранд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон аз моҳи феврали соли ҷорӣ ба ин сӯ дар ин кишвар ягон ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Бино ба омори ин вазорат, ҳудуди 90 фоизи сокинони калонсоли Тоҷикистон се вояи ваксинаи зидди коронавирусро гирифта, эм шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бо дарназардошти вазъи мураккаби бемории COVID-19 дар чанд кишвари ҳамсоя дар Тоҷикистон аз 16 августи соли 2022 даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардид. Бино ба ҳисоби вазорати тандурустии Тоҷикистон, аллакай 36 ҳазору 635 нафар кормандони соҳаи тиб ба ваксинаи чорум бар зидди бемории ҳамагири COVID-19 фаро гирифта шуданд. Сардори раёсати бехатарии санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров  гуфт, ки ба давраи чоруми  ваксинатсия  баъди кормандони соҳаи тиб шахсони аз 60-сола боло  низ фаро гирифта мешаванд.

Бо дарназардошти вазъи мураккаби бемории COVID-19 дар чанд кишвари ҳамсоя дар Тоҷикистон аз 16 августи соли 2022 даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардид. Бино ба ҳисоби вазорати тандурустии Тоҷикистон, аллакай 36 ҳазору 635 нафар кормандони соҳаи тиб ба ваксинаи чорум бар зидди бемории ҳамагири COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Сардори раёсати бехатарии санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров  ба хабаргузории “Ховар” хабар дод, ки ба давраи чоруми  ваксинатсия  баъди кормандони соҳаи тиб шахсони аз 60-сола боло фаро гирифта мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button