БОЗДОШТИ ЯК ДУХТАРИ 18-СОЛА ДАР ҲАМАДОНӢ БАРОИ ДУЗДИИ ОРОИШОТИ ТИЛЛОӢ
Як духтари 18-сола дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба он айбдор мешавад, ки моҳи июн аз хонаи як ҷавонзани 23-солаи сокини ин ноҳия ҷавоҳироти тиллоиро ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ дуздидааст. Ҳоло ба ин духтар бар асоси моддаи 244 аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
ххххххххххххх
Сокини 47-солаи Ҳисор ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 10 май бо роҳи фиреб мошини тамғаи «БМВ Х5»-ро аз сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 183 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки пулашро зуд медиҳад, аммо то ҳол фиреб дода гаштааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 14 июли маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Дастгир гардидани ҷавондухтари 18-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ариза ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2022, тахминан соати 11:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоиро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 18-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 244 қисми 3 банди “в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳоло ба ин духтар бар асоси моддаи 244 аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Бо роҳи фиреб аз худ намудани автомашина
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки 10-уми майи соли 2022, марди 47-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи «БМВ Х5»-ро ба маблағи 183 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро дар мудати кӯтоҳ пардохт менамояд, аммо то ҳол фиреб дода гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.