КоррупсияМинтақа ва ҷаҳон

АМАКБАЧАИ ФИРОРИИ САРВАЗИРИ СОБИҚИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР МАРЗИ РУСИЯ ДАСТГИР ШУД

Нурлан Масимов, сардори собиқи департаменти пулиси вилояти Павлодар ва писари амаки сарвазири собиқи Қазоқистон Карим Масимовро рӯзи 13 июли соли 2022 марзбонони Русия ҳангоми кӯшиши фирораш аз кишвар дастгир карда, ба мақомоти қазоқ супурдаанд. Худи Карим Масимов, ки солҳои охир раиси Кумитаи амнияти миллӣ буд, моҳи январи соли ҷорӣ дар пайи эътирозҳои хунини Қазоқистон ҳамроҳи муовинонаш ба ҳабс гирифта шуд ва ба ҷиноятҳои сангине, чун хиёнат ба ватан ва гирифтани пора айбдор мешавад.

Хадамоти мубориза бо коррупсияи Қазоқистон дар як иттилоия гуфт, “рӯзи 13 июл дар натиҷаи чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони Хадамоти мубориза бо коррупсия ва хадамоти марзбонӣ ҳангоми кӯшиши убури марзи давлатӣ бо Русия дар ҳудуди вилояти Қазоқистони шарқӣ  Масимов Нурлан Мирзохоновичро бо санадҳои қалбакӣ дастгир карданд”.

Нурлан Масимов, ки 48 сол дорад ва 17 январи соли ҷорӣ, дар пайи ҳабси амакбачааш, аз мақоми сардори пулиси вилояти Павлодар истеъфо дод, ба гирифтани пора ба маблағи бузург айбдор мешавад. Хадамоти зиддикоррупсионӣ барои маълумот дар бораи макони будубоши Нурлан Масимов   12 миллион танга ҷоиза муқаррар карда буд.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар дод, ки Нурлан Масимов мехост аз як минтақаи берун аз гузаргоҳи расмӣ марзи Русияро убур кунад, вале аз ҷониби марзбонҳои Русия дастгир ва ба Қазоқистон баргардонда шуд.

 “Бо мусоидати хадамоти вижаи Русия дар қисмати шарқии марзи Қазоқистону Русия, шангоми кӯшиши убури марз дар минтақаи берун аз гузаргоҳи расмӣ як гуруҳи шаҳрвандони Русияву Қазоқистон дастгир карда шуданд. Дар байни онҳо сардори собиқи пулиси вилояти Павлодар Нурлан Масимов, ки дар ҷустуҷӯ қарор дошт ва аввал бо ному насаби бофта худро муаррифӣ кард, низ дастгир шуд”, —  гуфта мешавад дар иттилоияи Кумитаи амнияти миллӣ. Ин ниҳод афзуд, ки ҷониби Русия Нурлан Масимовро ба марзбонҳои қазоқ супурд ва марзбонҳо ба навбати худ ӯро ба ташаббускори ҷустуҷӯяш — Хадамоти мубориза бо коррупсия доданд.

Нурлан Масимов, амакбачаи Карим Масимов, як нафари дар давраи президентии Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон хеле пурнуфуз мебошад. Карим Масимов, ки ду навбат сарвазири Қазоқистон ва солҳои ахир раиси Кумитаи амнияти миллӣ буд, моҳи январи соли ҷорӣ, дар пайи саркӯби хунини эътирозҳои оммавӣ  ҳамроҳи муовинонаш бо иттиҳоми хиёнат ба ватан дастгир гардид. Карим Масимовро ҳамчунин ба гирифтани пора ба маблағи чанд миллион доллар аз як ширкати хориҷӣ айбдор мекунанд.

Нурлан Масимов, ки рӯзи 17 январ, ҳамагӣ чанд рӯз баъди ҳабси амакбачааш, истеъфо дод, қаблан  дар мақомҳои сардори департаменти ҳафтуми ВКД Қазоқистон ва муовини сардори пулиси вилояти АлмаАто кор карда, аз соли 2019 то январи 2022 сардори пулиси вилояти Павлодар буд. Баъди рафтанаш аз ин мақом ба зидди ӯ бо иттиҳоми порагирӣ парванда кушода, таҳти ҷустуҷӯ қарораш доданд

 Як манбаи Orda.kz хабар дод, ки сухан дар бораи 148,5 миллион танга (беш аз 300 ҳазор доллар) пораҳои аз моҳи майи 2020 то январи 2021 гирифтани Нурлан Масимов меравад.  Номи ӯ дар парвандаи пурсарусадои обулой кардани маблағҳо барои харидории либосу таҷҳизот (бронежилет, кӯлоҳхӯд (шлем), калтак, сипар) барои пулис ба маблағи 523 миллион танга (беш аз як миллион доллар) низ зикр мешуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button