МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ҶАВОНИ ТОҶИК АЛИЕВ АҲЛИДДИН КАРОМАТУЛЛОЕВИЧ ДАР РУСИЯ ГУМ ШУДААСТ

Ҷавони 30-солаи зодаи Тоҷикистон Алиев Аҳлиддин Кароматуллоевич, ки дар ноҳияи Гатчинаи вилояти Ленингради Русия зиндагӣ мекард, рӯзи 7 майи соли 2022 дар полигон ё партовгоҳи ширкати “Новий Свет-ЭКО” гум шудааст. Ба ҷустуҷӯи Аҳлиддин нафақат кормандони пулис, балки бузургтарин пойгоҳи ҷустуҷӯии Русия Lizaalert низ машғул буд.  Ҷустуҷӯ ҳамчунон идома дорад, вале мутаассифона, ду моҳи аввали кофтуков ягон натиҷа надодааст. Хадамоти матбуоти раёсати тафтишоти вилояти Ленинград рӯзи 7 июл хабар дод, ки дар робита ба ғайб задани Аҳлиддин Алиев, санаи таваллудаш 16 майи соли 1992, бар асоси қисми якуми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ низ кушодаанд.

Дар рафти тафтиши пешакӣ муайян кардаанд, ки Аҳлиддин Алиев рӯзи 7 май дар ҳудуди полигон ё партовгоҳи ширкати “Новий Свет-ЭКО” гум шудааст. Ин партовгоҳи бузург дар ҳудуди шаҳраки Новий Свети ноҳияи Гатчина ҷойгир шудааст. Худи Аҳлиддин низ дар ҳамин шаҳраки Новий Свет зиндагӣ мекард. Новий Свет  бо партовгоҳи бузургаш ва наздики 6 ҳазор аҳолӣ дар канораҳои шарқии шаҳри Гатчина ва 35-километрии ҷануби шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст.

Нишонаҳои Аҳлиддин чунинанд: зоҳиран 29-сола, қадаш 170-175 см, ҷуссааш лоғар,  қиёфааш гандумгуни байзашакл (овальное),  чеҳрааш мисли мардумони Осиёи миёна, пешонааш бо баландии миёна, шаклаш амудӣ (вертикальный), чашмонаш сиёҳ, биниаш калону барҷаста, даҳонаш миёна юо ду кунҷи баланд, шакли гӯшҳояш байзашакл, мӯяш сиёҳ.Нишонаи роҳгардӣ: Оҳиста роҳ мегардад.

Ба эҳтимоли ғолиб дар тан курткаи рангаш сиёҳ бо кӯлоҳи капюшон  (либоси махсуси корӣ), шими низ кории рангаш тира ва дар пояш мӯза дошт, – гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуотии раёсати тафтишоти вилояти Ленинград.

Пропал Алиев Ахлиддин Кароматуллоевич 30 лет, п. Новый Свет, Гатчинский р-н, Ленинградская область

Сообщение Инфорг_СПб » 17 май 2022, 14:03Алиев Ахлиддин Кароматуллоевич 30 лет (1992 г.р.), п. Новый Свет, Гатчинский р-н, Ленинградская область

С 07 мая 2022 года его местонахождение неизвестно.

Изображение

Приметы:
Рост: 160 см.
Телосложение: xудощавое
Цвет глаз: чёрные
Волосы: чёрные

Особые приметы: серо-голубой комбинезон, черные рабочие сапоги.

Ориентировка на печать

Ориентировка на репост

————————————————–

Инфорг: Анастасия (Лаки) 89110147578

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button