ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ДОДСИТОНӢ: ДАР ЭЪТИРОЗҲОИ ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН 18 КАС КУШТА, 243 КАС ЗАХМӢ ШУД, 516 НАФАРРО БОЗДОШТ КАРДААНД (ВИДЕО)

Додситонии кулли Ӯзбекистон рӯзи 4 июли соли 2022 дар як брифинг хабар дод, ки  дар ҷараёни пароканда кардани эътирозҳо дар шаҳри Нуқус, маркази маъмурии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, як минтақаи мухтори тобеи Ӯзбекистон, дастикм 18 нафар ба иллати ҷароҳатҳои муҳлики бардоштааш ба ҳалокат расида, 243 нафари дигар, аз ҷумла 38 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷароҳат бардоштанд. Додситонӣ гуфт, 516 нафар аз иштирокчиёни бетартибиҳои оммавӣ дар Нуқус дастгир шудаанд.

Аброр Маматов, намояндаи Додситонии кулл рӯзи 4 июл дар брифинг дар Агентии иттилооти Ӯзбекистон гуфт, дар робита ба ҳодисаҳои Нуқус аз ҷониби ин ниҳод рӯзи 2 июл бар асоси чандин банди Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон, аз ҷумла қисми чоруми моддаи 159 (кӯшиши ғасби ҳукумат ваё сарнагун кардани сохти конститутсионӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Танҳо бар асоси қисми чоруми моддаи 159 ба дастгиршудагон аз 10 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аброр Маматов гуфт: “Чорабиниҳои тафтишотӣ ва фаврию ҷустуҷӯӣ қатъиян тибқи қонун пеш бурда шуда, барои таъмини волоияти қонун ва ногузир будани ҷазо тамоми чораҳо андешида мешаванд”. Маматов гуфт, ҷустуҷӯи гунаҳкорон ҳанӯз идома дорад.

Эътирозҳо дар Нуқус шоми 1 июл дар вокуниш ба бардоштани ибораҳои марбут ба мустақилияти Қароқалпоқистон ва ҳаққи сокинони он ба ҷудо шудан аз ҳайъати Ӯзбекистон сар заданд. Мақомот барои пароканда кардани эътирозҳо аз нирӯ ва силоҳ истифода бурданд.

Аз санаи 3 июл то 2 август дар Қароқалпоқистон вазъи фавқулодда ҷорӣ карда шуда, аз соати 21:00 то 7:00 соати комендантӣ ё қуюди шабгарӣ ҷорӣ шудааст.

Қаблан видеоҳое дар Интернет пайдо шуд, ки чӣ гуна нирӯҳои вижаи либосҳои сиёҳ дар тан ба зидди издиҳоми тазоҳургарон норинҷакҳои садодор партоб мекунанд ва чӣ гуна эътирозгарони тирхӯрда бо тани хунолуд дар рӯи роҳ хобидаанд.

Дар айни замон, рӯзи 4 июл парлумони Ӯзбекистон бо қабули як қарор ҳамаи ибораи марбут ба мустақилияти Қароқалпоқистонро, ки ҳазфи онҳо сабаби эътирозҳои ахир шуд, ба ҳолати аввалааш баргардонд. Хадамоти матбуоти парлумон гуфт:  “Президент Ш. Мирзиёев дар мулоқот бо вакилони парлумон ва фаъолони Қароқалпоқистон ба зарурати ба инобат гирифтани ҳамаи пешниҳодҳо таъкид кард. Яъне таъкид шуд, ки моддаҳои 70, 71, 72, 74 ва 75-уми Қонуни асосии Ӯзбекистон бидуни тағйирот боқӣ монда шаванд”.

Маҳз тағйири ҳамин 5 моддаи Қонуни асосӣ дар тарҳе, ки ҳоло дар маърази муҳокима гузошта шудааст, сабаби эътирозҳои густарда дар Нуқус шуд.

Рӯзи 2 июл, алакай баъди бо истифода аз нирӯ пароканда кардани эътирозгарон, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев худаш шахсан ба Нуқус омад ва ваъда дод, ки дар Қонуни асосӣ тамоми кафолатҳои марбут ба мустақилияти Қароқалпоқистонро ҳифз хоҳанд кард.

Қароқалпоқистон то соли 1936 ҳамчун ҷумҳурии мухтор дар ҳайъати Русия (РСФСР) буд ва соли 1936 ҳамчун ҷумҳурии мухтор ба ҳайъати Ӯзбекистон дода шуд. Соли 1992 он ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон табдили ном кард. Дар Қароқалпоқистон  2 миллион нафар ба сар мебаранд. Масоҳати ҷумҳурии Қароқалпоқистон асосан дашту биёбон буда, 166 ҳазору 600 километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки ин тақрибан 40% қаламрави Ӯзбекистон буда, аз 141 ҳазор километри мураббаъ қаламрави  Тоҷикистон бузургтар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button