ВидеоМуҳоҷирон

ИНТИҚОМИ ХУНӢ: ДАР БРЯНСК ДУ ЗОДАИ ДОҒИСТОНРО БАРОИ ҚАТЛИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ДОДГОҲ МЕКАШАНД (ВИДЕО)

Раёсати тафтишоти вилояти Брянски Русия рӯзи 6 июни соли 2022 хабар дод, ки тафтиши парвандаи ду сокини 50-сола ва  44-солаи вилояти Маскавро, ки дар қатли бераҳмонаи шаҳрванди Тоҷикистон айбдор мешаванд, ба анҷом расонда, ин парвандаро ба додгоҳ фиристодаанд. Ин ду нафар ба қатли фармоишии муҳоҷири тоҷик айбдор мешаванд. Ҳарду айбдоршаванда зодагони ҷумҳурии Доғистонанд. Куштори ҷавони тоҷикро, тавре қаблан расонаҳо хабар доданд, Элхон Зайналови 50-сола фармоиш дода, ба қотилон пешакӣ 2 миллион рубл дода, ваъда додааст, ки баъди куштор боз 3 миллиони дигар барояшон медиҳад.

Элхон Зайналов ба он айбдор мешавад, ки ба нишони интиқоми куштори писараш як ҷавони тоҷикро таъқиб карда, баъди маълум кардани ин ки ӯ дар Брянск пинҳон шудааст, ба ду зодаи дигари Доғистон пул додааст, ки рафта, ӯро бикушанд.  Онҳо моҳи июли соли 2021 ба Брянск рафта, он ҷавони тоҷикро аз хонааш бароварда, ба сараш халта кашидаанд ва ба ҷангал бурда, зинда ба зинда зери хок кардаанд. Ин моҷарои интиқоми хунӣ аз соли 2019, аз вақте оғоз мегирад, ки гапи ҷавони тоҷик бо писари 21-солаи Зайналов дар як клуби шабона дар Маскав мегурезад ва дар ҷараёни муноқиша ҷавони тоҷик он доғистониро зада мекушад…

Моҳи августи соли 2021 раёсати тафтишоти вилояти Брянски Русия хабар дода буд, ки дар байни ҳамагӣ ним моҳ ташкилкунанда ва се иҷрокунандаи нақшаи дуздидан ва куштори як шаҳрванди Тоҷикистонро муайян ва гумонбаршавандагонро дастгир кардаанд. Ҳамаи онҳо зодагони ҷумҳурии Доғистон буда, якеаш дар вилояти Маскав зиндагӣ мекардааст.  Ин парванда феълан бар асоси моддаи 126 Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун одамрабоӣ таҳти таҳқиқ қарор дорад.

Бино ба фарзияи тафтишот, шаҳрванди Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2019 дар як клуби шабона дар шаҳри Маскав бо сокини 21-солаи вилояти Маскав, ки зодаи Доғистон буд, муноқиша карда, ӯро куштааст. Баъди ин ӯ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фирор карда, таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт.

Моҳи июни соли 2021 падари ҷавони кушташуда дар шаҳри Маскав ду марди 43- ва 38-солаи зодаи Доғистон мулоқот карда, ба онҳо дар ивази пайдо кардан ва куштани қотили фарзандаш пул пешниҳод кардааст. Онҳо ба ин кор як шиноси худ, сокини 30-солаи вилояти Маскавро ҳам ҷалб кардаанд.

Онҳо муайян кардаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар Брянск пинҳон шудааст. Баъди маълум кардани маҳалли будубоши ӯ, ҳар се иҷрокунандаи нақшаи куштор бо мошин ба Брянск омадаанд

Рӯзи 15 июл, рӯзона, ду зодаи Доғистон ба манзили шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ дар хиёбони Ленини шаҳри Брянск зада даромада, ӯро латтукӯб кардаанд ва сипас ба сараш халтаи полиэтиленӣ кашида, бо истифода аз зӯроварию хушунат ва ашёе, ки ҳамчун силоҳ истифода мешуд, ӯро аз хонааш рабудаанд.

Сипас онҳо шаҳрванди Тоҷикистонро ба мошини худ бор карда, ба як ҷангал дар ҳудуди ноҳияи Брянск берун аз шаҳр бурда, бо скотч халтаи сари ӯро маҳкам бастаанд ва шаҳрванди тоҷикро ба як чуқурии қаблан кандашударо андохта, ба болояш хоку рег рехтаанд.

Баъди иҷрои фармоиш онҳо ба вилояти Маскав баргаштаанд.

Раёсати тафтишоти вилояти Брянск гуфт, ин ҷиноят бо иштироки бевоситаи кормандони ФСБ ва ВКД Русия ошкор карда шуд  ва иҷрокунандагонро дар шаҳру вилояти Маскав ва ташкилкунандаи ҷиноят, яъне падари ҷавони қаблан кушташудаи доғистониро дар Доғистон дастгир карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button