Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҒАРҚ ШУДАНИ ДУ НАВРАСИ 14-СОЛА ВА ДУХТАРЧАИ ДУСОЛА ДАР ШАҲРИНАВУ ВАҲДАТ ВА ВОСЕЪ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 30 май аз ғарқ шудани боз 3 ноболиғ хабар дод. Ду нафари онҳо 14-сола буда, якеи дигар ҳамагӣ 2 сол доштааст.  КҲФ гуфт, аз аввали соли 2022 алакай ҳудуди 30 нафар дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон аз беэҳтиётӣ ғарқ шудаанд ва бо авҷ гирифтани мавсими оббозӣ ин рақамҳо метавонад боз ҳам рӯ ба афзоиши бештар биорад. Соли 2021 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ҷон бохта буданд.

Аз ҷумла бино ба гузориши қисми навбатдории КҲФ, як сокини 14-солаи деҳаи Хоҷамӯъмини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи деҳа ғарқ шудааст. Ин ҳавзро сокинон барои об додани чорво сохта буданд.

Сокинон ҷасади ноболиғро аз об берун оварда, ба волидонаш супурданд. Сабаби фоҷеа беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта шудааст.

******   ****    *******

Аз ғарқи об шудани як сокини 14-солаи деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав дар канали калони Ҳисор низ гузориш дода мешавад. Ин ҳодиса рӯзи 20-уми май рух дода буд ва то ҳол ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғ идома дошт.

Рӯзи 29 май подабони деҳаи Ҷанбули ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав ҷасади ин навраси ҷавонмаргро дар соҳили канал пайдо карда, ба мақомот хабар додааст.

******   ****    *******

Ҳамин тавр, рӯзи 29 май Марями дусола, сокини деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Бӯронови шаҳри Ваҳдат аз беэҳтиётӣ дар канали назди манзили истиқоматиашон  ба об афтидааст.

Баъди дарёфти хабар ба ҷои ҳодиса афсарони бахши Кумита дар шаҳри Ваҳдат ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҳамроҳ бо мақомоти дахлдор ва сокинони деҳа корҳои кофтуковиро ба роҳ монданд. Аммо ҷасади ӯро пайдо накарданд.

Корҳои ҷустуҷӯ аз субҳи 30 май дубора шуруъ шудаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пайи ғарқ шудани ин се ноболиғ бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки гарм шудани дамои ҳаво одамонро новобаста ба синну сол ба сӯи соҳили рӯду каналу ҳавзҳо мебарад, вале талош кунед, ки фарзандонатонро беназорат нагузоред. Бахусус онҳое, ки шиноварӣ наметавонанд, ба ҷони худ ҷабр накунанд.

КҲФ гуфт, ин вазифаи калонсолон аст, ки кӯдаконро пайваста аз хатарҳои об огоҳ кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button