ФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

ДАРГУЗАШТИ БОСТОНШИНОСИ ШИНОХТА МУЗАФФАР АЗИЗӢ

Музаффар Азизӣ, олими бостоншинос, сардори собиқи идораи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорати фарҳанги Тоҷикистон шоми 29 майи соли 2022 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи иллати марги бостоншиноси шинохта чизе гуфта нашудааст.

Мирзошариф Абдусаломов, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО хабар дод, ки намози ҷанозаи Музаффар Азизӣ рӯзи 30 май, баъди намози пеш дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Музаффар Азизӣ чандин сол дар мақоми роҳбари идораи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии вазорати фарҳанг ва солҳои ахир дар Муассисаи тармими ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон кор мекард.

Аҳли фарҳанг хидматҳои Музаффар Азизиро дар мавриди ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мондагор меноманд ва мегӯянд, маҳз дар давраи кори ӯ дар вазорати фарҳанг раванди пешниҳод ва сабти номи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон дар рӯйхати мероси таърихиву фарҳангии башарият, ки ЮНЕСКО, Идораи илму фарҳанги Созмони Милал тартиб медиҳад, оғоз ёфт ва авҷ гирифт ва аз ҷумла ва аз ҷумла ёдгории таърихии Саразм дар он рӯйхатти ЮНЕСКО сабт шуд.

Музаффар Азизӣ ҳамин тавр, ба зидди худсарона тармим кардани маконҳои таърихӣ мубориза мебурд ва мегуфт, ин ба истилоҳ “евроремонт”-ҳо  ва оинакорӣ кардани мазору маконҳои қадима хидмати хирсонаест, ки арзиши  таърихиву фарҳангии ин ёдгориҳоро баракс коҳиш медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button