Муҳоҷирон

БОЗДОШТИ 4 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ПАЙИ ЗАНОЗАНӢ ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ

Сомонаи маҳаллии 66.ru хабар дод, ки пулис дар пайи латтукӯби як сокини Екатеринбург дар маҳаллаи Химмаш 4 гумонбарро дастгир кардааст ва ҳоло ҷустҷӯи гумонбари панҷум идома дорад. Ин нашрия мегӯяд, сокини маҳаллиро зодагони Тоҷикистон латтукӯб кардаанд.

Бино ба иттилои  66.RU,  ҳодиса шоми 28 майи соли 2022 дар кӯчаи Грибоедов дар минтақаи Химмаши шаҳри Екатеринбург аз баҳси ибтидо лафзӣ байни гуруҳи зодагони Тоҷикистон ва як ҷавоне, ки бо дӯстдухтараш сайругашт дошт, оғоз ёфтааст.

Ин баҳси онҳо баъдан ба занозанӣ печида, ҷавонони тоҷик он ҷавони маҳаллиро ба замин афтонда, зери борони мушту лагат гирифтаанд.

Раҳгузарон дахолат карда, монеи идомаи латтукӯби он ҷавон шудаанд ва ҷавонони тоҷикро то чанд кӯчаи дигар ба истилоҳ сур кардаанд.

Сабаби муноқиша маълум нест, вале гуфта мешавад, ки ҷавони маҳаллиро дар ҳолати кома бистарӣ кардаанд ва ҳоло табибони бемористони шаҳрии №24 барои наҷоти ҷони ӯ аз чанголи марг мубориза мебаранд.

Маркази матбуоти пулиси Екатеринбург дар шарҳи ин қазия гуфт:

Хабари муноқиша ба шуъбаи пулиси № 13 расид. Дар ҳоли ҳозир кормандони бахши ҷустуҷӯи ҷиноӣ чанд нафари дастдошта дар ин ҳодисаро дастгир кардаанд. Шуъбаи пулис дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми якуми моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми расондани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Бино ба иттилои66.RU,  дар ин ҳодиса 5 нафар даст дошта, 4 тани онҳо боздошт шудаанд ва ҷустуҷӯи панҷумаш идома дорад. Ба онҳо бар асоси қисми якуми моддаи 111 ҳамчун ҷазо то 8 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале агар, Худое накарда, ҷабрдида бимирад, ба ин зодагони Тоҷикистон бар асоси қисми сеюми моддаи 111 то 15 соли зиндон таҳдид хоҳад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button