Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

СЕ ҲОДИСАИ НОХУШ: ҒАРҚ ШУДАНИ ДУ КАС ДАР ИШКОШИМУ ДЕВАШТИЧ ВА МАРГИ ФОҶИАВИИ ЯК МАРД ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ

Як сокини 29-солаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим ҳангоми наҷоти ҳамсари 25-солааш, ки бар асари муноқишаи оилавӣ худро ба дарёи Панҷ андохта буд, ба ҳалокат расидааст.

Бино ба гузориши Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи  ВМКБ, ин оилаи ҷавон соҳиби 3 фарзанд буданд. Сабаби муноқиша маълум нест.

Дар хабар гуфта мешавад, ки мард вақте ҳамсари ғарқи обашро мебинад, худро ба оби пурхурӯши рӯд ҳаво медиҳад ва ҳамсари даст ба худкушизадаро наҷот медиҳад, вале худ ба об ғарқ мешавад. Ҷасади марҳумро сокинони деҳаи Вранги ҷамоати деҳоти Вранг аз дарёи Панҷ пайдо кардаву ба хешовандонаш супурданд.

xxxxxxxxxxxxxxxxxxx

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз пайдо кардани ҷасади як сокини 18-солаи деҳаи Шоҳони ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич  хабар дод, ки рӯзи 20-уми майи соли равон дар рӯди Сир ғарқ шуда буд.

Бино ба хабар сабаби ғарқи об шудани ин ҷавони 18-сола маълум нест.

 Ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ҷасади марҳумро соати 17:35 дақиқа пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ҷараёни ҳодиса аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор таҳқиқ мешавад. 

xxxxxxxxxxxxxxxxxxxxx

Дар як бинои баландошёнаи сохтмонаш нотамом дар шаҳри Душанбе марде афтода, ба ҳалокат расидааст.

Ҳодиса 22-юми май, тақрибан соати 9-и саҳар дар бинои сохтмонаш нотамоми рӯ ба рӯи чойхонаи “Роҳат” рух додааст. Яке аз шоҳидон ба Pressa.tj гуфт, ки “саҳар борони сахт буд, мард аз ошёнаи баланд ба замин афтод ва дар ҷояш ба ҳалокат расид. Одамони зиёде ҷамъ омада буданд. Аз мақомоти милитсия низ ҳозир шуданд”.

Гуфта мешавад, ки номи ин мард Умед ва тақрибан 40-45-сола будааст.

Ин фалокат дар ҳоле сурат гирифт, ки якшанбе истироҳат ва ҳамзамон, боронӣ буд.

Мақомот ин ҳодисаро то ҳол расман шарҳ надодаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button