ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

АМРИДДИН АЛОВАТШОЕВ АЗ 18 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНАШ БА ДОДГОҲИ ОЛӢ ШИКОЯТ БУРДААСТ

Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки рӯзи 29 апрели соли 2022 ба 18 соли зиндон маҳкум шуд, ҳамроҳи адвокатҳояш аз ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикояти кассатсионӣ бурда, бознигарии ҳукмашро талаб кардааст. Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки адвокатҳои ҳамин созмон аз ҳуқуқ ва манфиатҳои Аловатшов ҳимоят мекунанд, рӯзи 14 майи соли 2022 хабар дод, ки Аловатшоев ва вакилонаш аз ҳукми ӯ розӣ нестанд ва шикояти кассатсионии онҳоро бояд акнун Додгоҳи олӣ баррасӣ кунад.

Тафсилоти дигар оварда нашудааст.

Ёдовар мешавем, мурофиаи додгоҳии парвандаи Амриддин Аловатшоев нимаи дуюми рӯзи 29 апрел дар дохили СИЗО №1 дар маркази Душанбе оғоз ёфт ва алакай баъди 5 соат додгоҳ ӯро бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 181, қисми 2 (гаравгонгирӣ), моддаи 182, қисми 3 (ғасби биноҳо), моддаи 187, қисми 1 (ташкили созмони ҷиноятӣ), моддаи 189, қисми 3 (барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ ва маҳаллӣ) ва моддаи 307, иловаи 2 (ташкили фаъолияти созмони ифротӣ) гунаҳкор шинохт ва ба 18 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Дар поёни моҳи март, ҳанӯз то эълони ҳукми Аловатшоев, мақомот хонаи нимасохтаи ӯро дар маркази ноҳияи Роштқалъа дар вилояти Бадахшон  вайрон карданд ваё, ба таъбири ҳуқуқӣ, “ба ҳолати аввалааш баргардонданд”.

Мақомот то ҳол сабаби тахриби хонаи Аловатшоевро расман шарҳ надодаанд, вале бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомот далел овардаанд, ки хонаи Аловатшоев гӯё дар ҳудуди як мактаби ноҳияи Роштқалъа сохта мешуд ва як масъули идораи заминсозӣ ин қитъаи заминро “ғайриқонунӣ фурӯхтааст”. Осмон Алидодов, собиқ масъули идораи заминсозии ноҳияи Роштқалъаро гӯё ба ҳамин далел ба 8 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Вале наздикони Аловатшоев  мегӯянд, ки онҳо як сол аз пайи ҳуҷҷатгузории ин сохтмон давида, ҳама ҳуҷҷатҳоро алакай соли 2013 ҷамъ оварда буданд.Кам будани маблағ, ба гуфтаи онҳо, сабаби чандин сол тӯл кашидани сохтмон шудааст ва дар поёни моҳи март, вақте мақомот хонаи Аловатшоевро чаппа карданд, аз ду қабати ин бино дар 7 сол ҳамагӣ як қабаташ сохта шуда буд, ки онро ҳам ба замин яксон карданд.

Амриддин Аловатшоев 21-уми декабри соли 1977 дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ  ба дунё омада, ду фарзанд дорад.  Исми ӯ бори аввал дар октябри соли 2018 вақте дар сархатти хабарҳо афтод, ки мақомот дар қатори 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон бо Аловатшоев низ як протоколи алоҳида имзо карданд. Бар асоси он санад, Аловатшоев уҳдадор мешуд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ даст кашида, ҷавононро ба зидди ҳукумат нашӯронад.

Аловатшоев соли 2019 ба Русия рафт ва ба зудӣ яке аз лидерҳои бонуфузи диаспораи зодагони Бадахшон дар ин кишвар шуд.  Гуфта мешавад, ки Аловатшоев дар ҳалли мушкилоте, ки ба сари муҳоҷирони бадахшонӣ дар Русия меомад, кумак мекард ва барои ҷавонони ин минтақа дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия толорҳои варзишӣ ташкил мекард.

Амриддин Аловатшоевро яке аз ташкилкунандагони митинги шоми 25 ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки он шом бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода мулоқот карданд ва талабҳои эътирозгаронро ба вай расонданд.

Аловатшоев рӯзи 11 январ дар вилояти Белгороди Русия дастгир шуд ва алакай рӯзе баъд аз тариқи Маскав ба Душанбе оварда шуд.  Додгоҳ рӯзи 29 апрел дар дохили СИЗО №1 баъди ҳамагӣ 5 соати шурӯи мурофиа Аловатшоевро ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Тафсилоти парвандаи ӯ то ҳол расман нашр нашудааст.

Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, Аловатшоевро аз ҷумла ба он гунаҳкор кардаанд, ки гӯё «соли 2018 ба ҳуҷраи кории Шодихон Ҷамшед, раиси вақти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ворид шуда, ӯро гаравгон гирифтаву утоқашро хароб кардаанд.» Толиб Айёмбеков, яке аз лидерони ғайрирасмӣ дар ВМКБ, он вақт гуфта буд, ки баъзе афродро дар зиндон шиканҷа карданд ва онҳо ба назди раиси вилоят рафтанд, то масъаларо таҳқиқ кунад.

Маҳз баъди он воқеа, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тамоми роҳбарони вилоятро аз кор ронда,  ба Хоруғ нирӯҳои иловагӣ фиристод ва барои барқарор кардани тартибот дар Бадахшон як ситоди байниидоравӣ таъсис дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button