Хабарҳои кӯтоҳ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКАИ МАҲСУЛОТИ АРЗОН БАРОИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ ДАР АРАФАИ ИД (3 АКС)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки дар арафаи иди саиди Фитр “бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони идонаи кормандони милитсия” дар саҳни ҳавлии раёсати милитсияи пойтахти Тоҷикистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал доир карда шуд.

Гуфта мешавад, дар ин ярмарка соҳибкорону фурӯшандагони маҳсулоти хӯроквории бозорҳои пойтахт ва дигар корхонаву ширкатҳои дохилӣ маҳсулоти худ, аз қабили гӯшт, равғану биринҷ, шакар, пиёз, картошкаю сабзӣ, макарону тухм, анвои гуногуни ширинӣ, орд ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалро бо сифати хуб ва нархи нисбат ба бозор дастрастар ба фурӯш баровардаанд. “Ҳамзамон дар баробари кормандони милитсия дигар шаҳрвандон низ молу маҳсулоти мавриди ниёзи худро харидорӣ карданд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

“Иқдоми мазкур, ки аз ҷониби роҳбарияти РВКД Душанбе ҷиҳати дастгирии ҳайати шахсии милитсияи пойтахт роҳандозӣ гардид, имкон медиҳад, кормандони милитсия дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ назму тартиботро дар рӯзҳои таҷлили Иди Саиди Фитр бо сари баланд таъмин намоянд.  Қобили зикр аст, ки аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт минбаъд низ дар арафаи таҷлили иду ҷашнҳо баргузории чунин ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот ба нақша гирифта шудааст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти РВКД Душанбе.

Иди  саиди Фитр, ки аз анҷоми моҳи Рамазон дарак медиҳад, дар Тоҷикистон ва аксари кишварҳои мусалмоннишини дунё рӯзи 2 май таҷлил  карда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button