ВидеоФарҳанг

ЯК МАНСАБДОРРО БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНИ ЗАБОН ҶАРИМА БАСТААНД

Додгоҳи шаҳри Бохтар бо қарори худ аз 28 марти соли 2022 Мӯсозода Шодӣ Абдухолиқ, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро бо ҷурми вайрон кардани қонуни забони давлатӣ ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1920 сомонӣ) ҷарима бастааст. Мӯсозода ба он гунаҳкор дониста шуд, ки бар хилофи талаботи қонуни забон, “муҳр ва тамғаҳои ба забони ғайридавлатӣ навишташудаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро то ин ҷониб истифода карда… номи раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро ба забони ғайридавлатӣ навишта, дар даромадгоҳи бино овезон намудааст”.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, прокуратураи вилояти Хатлон, ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, мавриди санҷиш қарор дод.

   Санҷиш нишон додааст, ки “Мӯсозода Шодӣ Абдухолиқ аз 7 январи соли 2018 инҷониб роҳбарии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро бар ӯҳда дошта, ҳамчун шахси мансабдор вазифаҳои худро ба таври дахлдор иҷро накарда, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тодикистон»-ро риоя накардааст”.

  Тибқи талаботи қисмҳои 1-3 моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», матни муҳру тамғаҳои мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва инчунин соҳибкорони инфиродӣ ба забони давлатӣ навишта мешавад. Вале, хабар медиҳад Додситонии кул, “ин талаботи қонунро Мӯсозода Ш.А. риоя накарда, муҳр ва тамғаҳои ба забони ғайридавлатӣ навишташудаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро то ин ҷониб истифода кардааст”.

    Инчунин, тибқи талаботи қисмҳои 1-2 моддаҳои 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», номгузории тамоми ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ба забони давлатӣ сурат гирифта, ҳамаи лавҳаю овезаҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ навишта мешаванд. Вале, гуфта мешавад дар иттилоия, “ин талаботи қонунро низ Мӯсозода Ш.А. риоя накарда, номи раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро ба забони ғайридавлатӣ навишта, дар даромадгоҳи бино овезон намудааст”.

Қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон соли 1989 қабул шуда, забони тоҷикиро забони давлатӣ ва забони коргузории расмии ин ҷумҳурӣ эълон кард. Вале мавридҳои барои вайрон кардани қонуни забон ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорон дар Тоҷикистон ангуштшуморанд.

Шодӣ Мӯсозода 3 декабри соли 1987 дар ҷамоати Кирови ноҳияи Вахш ба дунё омада, соли 1991 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм кардааст. Ӯ чандин сол раҳбари кумитаи замини ноҳияи Вахшу вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Вахш буд. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд. Ба фарқ аз аксари мансабдорони тоҷик, ки узви ҳизби ҳокими халқии демократианд, Мӯсозода узви ҳизби аграрии Тоҷикистон аст.

Мӯсозода Ш.А.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button