ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БАРОИ 7 ЧИПТАИ ДУШАНБЕ –  МАСКАВ 67 ҲАЗОР СОМОНӢ ГИРИФТУ ФИРЕБ ДОД…

Як сокини 47-солаи Ҳисор ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз моҳи июни соли 2021 бо ваъдаи гирифта додани 7 чиптаи парвози Душанбе – Маскав аз як сокини 59-солаи Ҳисор 67 ҳазор сомонӣ гирифта, ин пулҳоро ба манфиати худ сарф кардааст.

ххххххххххххххх

Сокини 42-солаи  қаблан барои қаллобӣ судшудаи шаҳри Ҳуҷанд ҳоло ба он гумонбар мешавад, ки аз моҳи май то декабри соли 2021 дар мағозаи «Автомаг» , ҳамчун фурӯшанда кор карда, 175 ҳазору 433 сомонӣ пули мағозаро ба ҷайби худ задааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 12 апрели маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи фиреб аз худ намудани маблағҳои шаҳрвандон

037

Ба РВКДН ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза марди 59-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2021 марди 47-солаи сокини шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 67 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки ба ӯ 7-адад чиптаи ҳавопаймои самти Душанбе-Маскав гирифта медиҳад, аммо номбурда маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол бар нагардонидааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Аз худ намудани маблағҳои махсусан калон бо роҳи азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

032

Аз тарафи кормандони ШВКД дар шаҳри Ҳуҷанд нисбати марди 42-солаи сокини шаҳри мазкур, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои азонихудкуни оғоз карда шудааст.
Номбурда, аз моҳи май то моҳи декабри соли 2021 дар мағозаи қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёти «Автомаг», воқеъ дар роҳи автомобилгарди «Хуҷанд-Б.Ғафуров» ба сифати фурӯшанда фаъолият намуда, дар давраи фаъолияташ аз ҳисоби маблағҳои фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо дар умум 175 ҳазору 433-сомониро азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button