ВарзишВидео

ФУТБОЛБОЗИ ТОҶИК ОЗОДБЕК ПАНҶИЕВ ДАР ЛИГАИ ДУЮМИ ИСПАНИЯ БОЗӢ ХОҲАД КАРД

Футболбози ҷавони тоҷик Озодбек Панҷиев дар садади гирифтани раводиди сафар ба Аврупост. Ӯ ба дастаи “Фуэнлабрада” аз  шаҳраки ҳамном дар канори шаҳри Мадрид, пойтахти Испания даъват барои имзои қарордод гирифтааст.  Ин даста дар Сегунда, ё Ла Лига 2, лигаи дуюми миллии футболи Испания бозӣ мекунад.

Канали sports.tj.official дар Инстаграм хабар дод, ки “Озодбек Панҷиев, ки мебоист санаҳои 1 феврал то 1 март аз санҷишӣ дастаи Фуэнлабрадаи Испания мегузашт, то ҳол раводидашро ба даст наовардааст. Мехоҳем, ки ҳарчи зудтар ҳуҷҷатҳояшро таҳия намояду ба Аврупо сафар кунад, чун ин шонс на ба ҳар кас муяссар мешавад”.

 “Фуэнлабрада” бозиҳояшро дар варзишгоҳи ба номи Фернандо Торрес доир мекунад. Ин варзишгоҳи ғунҷоишаш то 7500 тамошобин ба шарафи футболбози машҳури испании зодаи Фуэнлабрада чунин ном гирифтааст.

Озодбек Панҷиев, ки феълан дар дастаи “Локомотив-Помир”-и Душанбе бозӣ мекунад, аз хайли аъзои тими миллии наврасони Тоҷикистон аст, ки соли 2018 дар чемпионати Осиё ҷои дуюмро ба даст оварданд.

Ҳамон вақт мегуфтанд, ки бозигарони ин тими наврасон он қадар пуристеъдоданд, ки дар оянда ба тимҳои маъруфи хориҷӣ даъват хоҳанд шуд.

Дар сурати дуруст шудани аснодаш ва пайвастан ба саффи “Фуэнлабрада”, Озодбек Панҷиев алакай дуюмин футболбози тоҷик хоҳад шуд, ки дар лигаи дуюми футболи Испания бозӣ хоҳад кард. Дар баҳори соли 2021 Ҳамадонӣ Камолов бо дастаи “Райо Махадаонда” қарордод баст. Махадаонда низ шаҳракест дар канори Мадрид ва дастаи ин шаҳр низ дар Сегунда, ё Ла Лига 2, лигаи дуюми миллии футболи Испания бозӣ мекунад.

Ҳамадонӣ Камолов низ яке аз аъзои ҳамон тими шуҳратёри наврасони Тоҷикистон буд, ки соли 2018 дар чемпионати Осиё ҷои дуюмро гирифт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button