АфғонистонВидеоҶомеа

БОЗДОШТИ НАРКОБАРОН БО ЛАҚАБИ НУРУЛЛОИ КАФТАРБОЗ

Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон  аз боздошти як гуруҳи муташаккил ва фаромиллии қочоқбарони маводи мухаддир бо раҳбарии Нурулло Раҳимов, маъруф бо лақаби “Кафтарбоз” ва мусодираи беш аз 13 кило ҳашиш, афюн ва метамфетамин аз онҳо хабар дод.

 Дар хабар гуфта мешавад, ки “саркардаи гурӯҳи муташакил Раҳимов Нурулло чунин вонамуд сохтааст, ки бо истифода аз парвариш ва нигоҳубини паррандаҳо, ки гӯё ҷузъи асосии фаъолияти соҳибкории ӯ ба ҳисоб меравад ва ҳама даромадҳояш ба қавле аз ин ҳисоб сарчашма мегиранд, даст ба амалҳои хариду фурӯши маводи нашъадор мезадаст.”  Ҳангоми боздошт дар моҳи феврал дар Душанбе “Кафтарбоз” бо худ таппончаи тамғаи “Макаров” доштааст, аммо “кормандони Агентӣ бо як ҳушёриву чолокӣ номбурдаро дастгир намуда, имкон надоданд то, ки муқобилият нишон дода, аз силоҳи оташфишон истифода намояд.”

Бино ба иттилоияи агентӣ, кормандони ин ниҳод моҳи феврали соли 2022 дар натиҷаи як амалиёти бобарори оперативӣ – ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе гурӯҳи муташакили ҷиноятпешаеро дастгир намуд, ки дар қочоқ, фурӯш ва гардиши воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон даст дошт.

Саркардаи гурӯҳи муташакил Раҳимов Нурулло Мирзоназарович соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Чортути боло, оиладор, соҳиби 4 фарзанд  будааст. Агентӣ гуфт, Нурулло Раҳимов “шахсияти “маъруф ва шинохта” дар олами ҷиноӣ бо лақаби “Кафтарбоз” мебошад, ки  соли 1995 бо моддаи 234 КҶ ҶТ ва 228 КҶ Федератсияи Русия (ҳарду дафъа бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир) ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.”

Агентӣ гуфт, ҳамроҳ бо “Кафтарбоз” 4 тан аз ҳаммаслаконаш:

  1. Соқиев Саъдӣ Ҷумаевич, соли таваллудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи ш.Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ, оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
  2. Минбаев Баҳрулло Иззатович соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати Сарикиштӣ, оиладор, соҳиби 4 фарзанд. Соли 2002 бо моддаи 104 КҶ ҶТ одамкушӣ ба мӯҳлати 14 аз озодӣ маҳрум шудааст.
  3. Жаббиров Асроридтин Гулбаевич санаи таваллудаш 1978 истиқоматкунандаи ш.Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Дӯстии халқҳо. Пеш бо моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
  4. Расули Кабир шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, санаи таваллудаш 1984, зодаи вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муваққатан истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур, оиладор, соҳиби 3 фарзанд низ ба даст афтодаанд.

Аз онҳо дар умум 13 килою 100 грамм воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш”, “афюн” ва “метамфетамин”  ёфт ва мусодира карда шудааст. Гуфта мешавад, ки ин афрод мехостанд ин миқдори бузурги маводи мухаддирро бо мақсади фоида ба дигарон бифурӯшанд.

Агентӣ мегӯяд: “Нафарони номбурда мақоли “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”-ро шиори худ намуда, аз сӯиистеъмол ва оқибати зиёновари гардиши маводи нашъадор, вобасташавии насли ҷавон ва аз байн бурдани солимии ҷомеа боре нандешидаанд. Ин нафарон танҳо ба хотири айшу нӯш бо андешаи дарёфти фоидаи муфт ба коми худ, ва ҷамъоварии молу амвол, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадорро пешаи худ намудаанд, ки оқибат ин амали нангини онҳо аз чашми кормандони ҳифзи ҳуқуқ дур намонд”.

Нисбат ба Раҳимов Нурулло Мирзоназарович парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 200, қисми 4 (қочоқи маводи мухаддир) ва қисми 1, моддаи 195 (ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва гардондани силоҳ)  ва нисбати Соқиев Саъдӣ Ҷумаевич., Минбаев Баҳрулло Иззатович., Жабиров Асроритдин Гулбаевич ва шаҳрванди Афғонистон Расули Кабир парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ба онҳо бар асоси қисми чоруми моддаи 200 аз 12 то 20 соли зиндон ва ба “Кафтарбоз” иловатан барои силоҳи ғайриқонунӣ ҷарима ваё то 3 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1425 километр марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия ва Қазоқистон, табдил ёфтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button