ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

305 ТОҶИКИ АЗ УКРАИНА БА ПОЛША ФИРОРКАРДАРО БА ВАТАН БАРГАРДОНДАНД (ВИДЕО)

Сафорати Тоҷикистон дар Берлин хабар дод, ки рӯзҳои 10-11 марти соли 2022 305 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (бештараш занону кӯдакон), ки аз Украина ба  Лаҳистон (Полша) фирор карда буданд, тавассути ду парвози чартерӣ ба Тоҷикистон баргардонда шуданд. Сафорат гуфт, баргардонидани ин муҳоҷирони тоҷик дар натиҷаи ҳамкории муштарак бо Агентии амнияти сарҳадӣ ва соҳилии Аврупо (Frontex) ва Хадамоти марзбонии Ҷумҳурии Лаҳистон муяссар шудааст.

Бино ба иттилои нашршуда дар сомонаи сафорат, сабти номи шаҳрвандони тоҷик дар Лаҳистон аз ҷониби намояндагии дипломатӣ идома дошта, “дар марҳилаҳои навбатӣ имконияти танзими парвози иловагии башардӯстона бо мусоидати Агентии амнияти сарҳадӣ ва соҳилии Аврупо (Frontex) аз Варшава ба Душанбе мавриди баррасӣ қарор дорад”.  

Русия рӯзи 24 феврали соли ҷорӣ “амалиёти махсуси ҳарбӣ” дар Украинаро оғоз кард. То имрӯз дар ҷараёни задухӯрдҳо байни нирӯҳои Русия садҳо нафар кушта шуда, бино ба ҳисобҳо, ҳудуди 3 миллион нафар аз сокинони Украина ба кишварҳои Аврупо, асосан ба Лаҳистон фирор карданд.

Лаҳистон (ҳамчунин Руминия) баъди ҳамлаи ҳарбии Русия ба Украина ба шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд тарки Украина кунанд, аз ҷумла ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат дод, ки барои 14 рӯз бидуни виза ба қаламрави ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ва минтақаи Шенген паноҳ биоранд. Вале ба фарқ аз шаҳрвандони Украина,  Лаҳистон ба шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки тарки Украина мекунанд, паноҳандагӣ намедиҳад.

Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов, дар умум то 10 март ҳудуди 1600 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Полша паноҳ овардаанд ва ҳоло раванди ба Ватан фиристодани онҳо шурӯъ шудааст. Қаблан гуфта мешуд, ки як қисми шаҳрвандони тоҷик аз Полша мустақилона ба кишварҳои дигар рафтаанд.

Баргардонидани муҳоҷирони тоҷик аз Лаҳистон тавассути ду парвози чартерии ширкати лаҳистонии “Enter Air”  аз фурудгоҳи  Варшава ба номи Фредерик Шопен (Warsaw Frederic Chopin Airport)  сурат гирифт. Ҳавопаймои аввал бо 186 мусофир (аксаран занону кӯдакон) шаби 10 март, соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ аз Варшава ба парвоз хеста, субҳи барвақти 11 март ба Душанбе расид. Ҳавопаймои дуюм субҳи 11 март аз Варшава ба Душанбе парвоз кард.

Сафорат гуфт, кормандонаш муҳоҷирони тоҷикро дар фурудгоҳи Варшава гусел карданд ва дар ҳамон фурудгоҳ ба он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият надоштанд, шаҳодатномаҳои бозгашт ба Ватан доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button