ВидеоҶомеа

ЯК ҶАВОНЗАН БАРОИ ДУЗДИДАНИ ТИФЛИ НАВЗОД МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Нигора Ахмедоваро бо ҷурми кӯдакрабоӣ б а 9 солу 6 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст. Ин сокини деҳаи Кампирқалъаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар Ҳисор шавҳар карда буд, ба он айбдор дониста шуд, ки рӯзи 30 ноябри соли 2021 аз Маркази саломатии №13 шаҳри Душанбе як кӯдаки думоҳаро дуздид. Ӯро як рӯз баъд дастгир карданд.

 Манобеи “Бомдод” гуфта буданд, ки Нигора Ахмедова барои халос шудан аз таънаи бефарзандӣ чандин моҳ худро ҳомила вонамуд мекард ва баъди дуздидани кӯдак, он кӯдакро худам нав таваллуд кардам гуфта, ба хонааш бурдааст ва ба шавҳараш, ки дар Русия дар мардикорӣ қарор дорад, низ занг зада, хушхабар расондааст, ки “бубин, чӣ кӯдаки зебое бароят ба дунё овардам!”

Ҳукми додгоҳи Шоҳмансур дар ин парвандаи пурсарусадо ҳанӯз 22 январ содир шудааст, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3 март бархе тафсилоти онро нашр кард.

Бино ба иттилои додситонӣ, Ахмедова Нигора Рустамҷоновна 30.11.2021 сол, мақсад гузоштааст, ки бо роҳи фиреб ва суйистифодаи боварӣ шахси баралоина ноболиғро рабуда, дар назди хешу табораш кӯдакро ҳамчун фарзанди худ муаррифӣ намояд. Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 15:00 ӯ дар асоси нақшаи таҳрезинамудааш, ки аз одамрабоӣ, яъне пинҳонӣ, бо роҳи фиреб ва сӯйистифодаи боварӣ рабудани шахси бараъло ноболиғ иборат буд, ба Маркази саломатии шаҳрии №13, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро бинои №50 рафта, дар ҷустуҷӯи кӯдаки навзод шудааст.

    Дар Маркази саломатии зикршуда ӯ бо шаҳрванд Назарова Манзура Раҷабалиевна, санаи таваллудаш 19 июли соли 2002, ки бо ҳамроҳии писараш Ҷалолов Абдураҳмон Аюбҷонович, санаи таваллудаш 26 сентябри соли 2021 барои муоинаи асабшинос омада будаанд, шиносои пайдо карда, бо мақсади рабудани фарзандаш ба боварии номбурда даромада, худро ҳамчун инсони ростқавл ва кӯмакрасон нишон додааст.

Сипас бо мақсади расидан ба нияти худ, ки аз ғайриқонунӣ бо роҳи фиреб ғасби кӯдак иборат буд, бо ҳамроҳии Назарова Манзура Раҷабалиевна, ба духтури асабшинос даромада, фарзанди номбурда – Ҷалолов А.А.-ро аз муоинаи духтури асабшинос гузаронидаанд. Духтури асабшинос кӯдак Ҷалолов А.А.-ро муоина карда, онҳоро ба муоинаи духтури гушу гулу ва бинӣ равон кардааст.

    Баъди ҳамроҳ ба муоинаи духтури гӯшу гулу ва бинӣ даромада баромадан, ӯ бо мақсади ғараз, Назарова М.Р.-ро ба гумроҳӣ андохта, иброз намудааст, ки янгааш дар маркази саломатии мазкур ба сифати духтур фаъолият мекунад ва зарур аст, ки писараш Ҷалолов А.Ю.-ро аз муоина гузаронад. Ахмедова Н.Р. бо роҳи фиреб ба боварии Назарова М.Р. даромада, кӯдакашро аз дасташ гирифта, бо баҳонаи он, ки барои муоина дастпӯшак зарур аст, Назарова М.Р.-ро барои харидани дастпӯшак ба дорухонаи берун аз марказ равон кардааст.

    Минбаъд, ӯ дидаю дониста, ки тибқи моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдак таҳти қимоя ва ғамхории махсуси  давлат аст, баъди бо роҳи фиреб барои дастпӯшак равон кардани Назарова М.Р. аз фурсат истифода бурда, зидди иродаи номбурда пинҳонӣ фарзанди хурдсолаш Ҷалолов А.Ю.-ро рабуда, ба манзили истиқоматии волидонаш, воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Кампирқалъа, хонаи №14 бурда, ин кӯдакро ба хешу табори худ ҳамчун кӯдаки нав таваллудкардааш муаррифӣ намудааст.

    Баъдан, ӯ худи ҳамон рӯз тариқи шабакаи иҷтимоии “Ватсап” ба шавҳараш Абдуллоев Разиуллоҳ Саидович, ки дар Русия қарор дошт, аксҳои кӯдак Ҷалолов А.Ю.-ро равон карда, муборакбодӣ намудааст, ки гӯё фарзанддор шудаанд…

 Кормандони милитсия Нигора Ахмедоваро субҳи 1 декабр дар хонаи волидонаш дастгир карданд. Прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, нисбати Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, бо моддаи 130 қисми 2 банди “д” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми кӯдакрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button