ВидеоҶомеа

НИГОРА ЧАРО КӮДАКИ НАВЗОДРО ДУЗДИД? ТАФСИЛОТИ ҚАЗИЯИ ГӮШНОШУНИДИ КӮДАКРАБОӢ

Тавре қаблан хабар додем, чанд рӯз пеш як зани 29-соларо бо иттиҳоми дуздидани кӯдаки ширмак аз Дармонгоҳи тиббии шаҳрии № 13 (собиқ Поликлиникаи №1) шаҳри Душанбе дастгир карданд. Аммо ҷузъиёти ин ҳодисаи гӯшношуниди кӯдакрабоӣ ва сабабу ангезаҳои даст ба чунин кор задани он зан норӯшан боқӣ монда буд.

Ба идораи сомонаи “Бомдод” муяссар шуд, ки бархе тафсилоти ин ҳодисаро маълум кунад.

Маълум мешавад, Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, санаи таваллудаш 03.07.1992, зодаи деҳаи Кампирқалъаи ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар Ҳисор шавҳар карда буд, ба сабаби дер боз кӯдакдор нашуданаш ба хотири аз таънаи атрофиён раҳидан даст ба ин кор задааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Нигора Ахмедова чанд моҳ боз худро ҳомила вонамуд мекардааст ва барои ин гӯё ба шикамаш болишт мечаспондааст, ки ба ҳомила буданаш бовар кунанд.

Рӯзи 30 ноябр ӯ гӯё бояд “таваллуд” мекард ва тибқи нақшаи дар сар кашидааш, ба Дармонгоҳи тиббии шаҳрии № 13 (собиқ Поликлиникаи №1) шаҳри Душанбе рафта, тақрибан соати 15 дар қабати дуюми шифохона аз як зане, ки кӯдаки думоҳаашро барои ваксиназанӣ оварда буд, хоҳиш мекунад, ки барояш аз дорухонаи қабати якуми бино дастпӯшак харида биорад.

“Духтур бе дастпӯшак қабул намекунад, вале ман таваллудкуниам қариб омадааст, болою пойин баромадаву фаромада наметавонам. Ман кӯдакатро нигоҳ мекунам, хоҳиш мекунам, барои ман аз дорухона дастпӯшак харида биор”, хоҳиш кардааст Нигора аз он зан. Он модари ҷавон бовар карда, кӯдакашро ба дасти Нигора дода, худаш барои харидани дастпӯшак пойин фаромадааст, вале вақте баргаштааст, дидааст, ки на кӯдакаш онҷосту на он зани гӯё “ҳомила”.

Нигора Ахмедоваро, бино ба иттилои дарёфтӣ, бар асоси сабти видеокамераҳои назоратӣ ва бо кумаки ронандаи таксие, ки ӯро ба ин шифохона оварду боз аз ин ҷо бурд, пайдо кардаанд. Ронандаи такси гуфтааст, ки ӯ ҳам он рӯз ба ҳайрат афтод, чунки як зани ҳомилаи шикамаш дамро ба шифохона овард, вале баъди чанде аз онҷо ин зан бидуни ягон аломати ҳомилагӣ, вале як кӯдак дар даст берун омад ва боз ба таксии ӯ нишаст.

Нигора Ахмедова он кӯдакро худам нав таваллуд кардам гуфта, ба хонааш ба Ҳисор бурдааст ва ба шавҳараш, ки дар Русия дар мардикорӣ қарор дорад, низ занг зада, хушхабар расондааст, ки “бубин, чӣ кӯдаки зебое бароят ба дунё овардам!”

Мардум аз асли воқеа танҳо вақте хабардор шуд, ки кормандони милиса субҳи 1 декабр омада, ба дастони Нигора Ахмедова завлона зада, ӯро бурданд ва кӯдакро ба модараш супурданд.

Маркази матбуоти РВКД шаҳри Душанбе  дар иттилоияш гуфта буд, ки ин зан бо кӯдаки дуздидашуда соати чори субҳи 1 декабр вақте дастгир шуд, ки алакай берун аз ҳудуди пойтахт қарор дошт.

Ҳоло ба зидди Ахмедова Нигора бар асоси моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ба  ин зан барои рабудани кӯдаки баръало ноболиғ аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button