Хабарҳои кӯтоҳ

РӮЗИ 22 ЯНВАР ДАР ТОҶИКИСТОН БАРФ МЕБОРАД

Бино ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон, рӯзи 22-уми январ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои водӣ ва доманакӯҳӣ борон ба барф мубаддал гардида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. 21 ва 24 январ дар ноҳияҳои алоҳида фаромадани тормеғ (туман) дар назар дошта шудааст.

Тибқи пешгӯии ҳавошиносон,  дар ноҳияҳои водӣ ва доманакӯҳҳарорати ҳаво рӯзона то 10-12 дараҷа паст мешавад. Дар ҳамин рӯзҳо бо сабаби зиёдшавии қабати барф дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар ноҳияҳои тобеи марказ, дар қисмати шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Туркистон, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳҳои Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Ш.Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб яхбандӣ ва хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки аз сабаби барфи зиёд ва боди сахт эҳтимоли канда шудани сими интиқоли барқ дар минтақаҳо вуҷуд дорад, дар кӯҳҳо ва роҳҳои кӯҳӣ ҳолатҳое назири барфтӯда, яхбандӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд, ки ин ҳаракати мошинҳоро ба ҳар самт душвор мекунад. Ҳамчунин аз барфи зиёд ва боди сахт шикастани шоху танаи дарахтон ва симчӯбҳои сустниҳоди рекломҳо имкон дорад, ки ин ҳама метавонад ба ҷони инсонҳо ва равуои мошинҳо хатар эҷод кунад.

КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳо аз равуои безарурат худдорӣ намоянд. Рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, ширкоргоҳ ва чоравочаронӣ низ бехатар нест. 

Хонаҳоро гарм нигоҳ доред, аз асбобҳои барқӣ дуруст истифода кунед ва нагузоред, ки онҳо сабаби сӯхтор шаванд. Бачаҳоро назорат кунед, беназоратии кӯдакон хатарҳое дар пай дорад.

Ронандагон қабл аз сафар бо роҳҳои кӯҳӣ аввалтар аз ҳама бояд маълумоти лозим дар бораи хати  сафари худро ба даст оранд. Агар барфу борону хатари тарма дар ин маълумотномаҳо пешбинӣ шавад, пас аслан худдорӣ аз сафар ба манифат аст.

Мошинҳоро пеш аз сафар санҷед, чархҳои тобистониро бо зимистонӣ иваз кунед, барои эҳтиёт арғамчин, бел, регу шағал, ғизои гарму захираи кофии обу безнзин бо худ дошта бошед.

Фаромӯш накунед, ки ба доруқутии мошин як назар андозед ва онро бо доруҳои зарурӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ, пахтаву дока ғанӣ гардонед. 

Ба хотирӣ таъмини амнияти худ ва ҳамсафаронатон ҳаргиз суръати ҳаракатро боло набаред, оҳиста равед ва дур равед. Фаромӯш накунед, ки шуморо ҳамеша фарзандону пайвандонатон интизоранд. 

Риояи фосила байни мошинҳо яки дигар аз тадбирҳои таъмини амнияти шумо ва равандагони ин роҳ аст. Онро ҳатман риоя намоед!

КҲФ ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД ВА ҲУШЁРУ ЗИРАК БОШЕД!!!

Дар шаҳри Душанбе  22 январ борон ба барф табдил ёфта, тормеғ (туман) мефарояд. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҳаво шабона 5-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа гарм то 4 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо низ барф меборад.

Дар вилояти Суғд 22 ва 23 январ боридани барф, вазидани шамоли сахт ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 3 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар кӯҳҳо то 9 дараҷа хунук мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа  хунук, дар мавзеи Булункул то 40-42 дараҷа хунук, рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад. 22 январ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят боришоти сусти барф ба амал меояд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво рӯзона дар водиҳо 2+7 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.  22 январ ҳавои тағйирёбанда дар еазар дошта шуда,  дар баъзе ҳолатҳо барфи суст ва фаромадани туман дар назар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button