КоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ РАИСИ ХОҶАГИИ НИҲОЛПАРВАРИИ КӮШОНИЁН БАРОИ ЗАМИНФУРӮШӢ

Сокини 56-солаи ноҳияи Кӯшониён, ки аз соли 2016 то 2021 роҳбари хоҷагии ниҳолпарварии ин ноҳия буд, ба он айбдор мешавад, ки дар давраи раисимаш, моҳи июни соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 65-солаи сокини ноҳияи Кушониён даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани 0,04-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ 4 ҳазору 800 доллар гирифта, то ҳол ба ӯ на замин ҷудо кардаст ва на пулашро баргардондааст.

Фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, танҳо дар нимаи аввали соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  қариб 9 ҳазор гектар қитъаи замини ғайриқонунӣ тақсимшударо “ба ҳолати аввалааш баргардонданд.”

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода моҳи июл  дар нишасти хабариаш эътироф кард, ки замин имрӯз мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст.”

Аз навори хабарҳои рӯзи 21 январи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Бо роҳи қаллобӣ ба даст овардани маблағи муфт

04

Аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров нисбати марди 36-солаи сокини ноҳияи зикргардида парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Номбурда 8-уми феврали соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Range Rover”-ро ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, 25 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 175 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки марди 56-солаи сокини ҳамин ноҳия аз соли 2016 то моҳи июли соли 2021 дар вазифаи роҳбари хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи мазкур кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш моҳи июни соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 65-солаи сокини ноҳияи Кушониён даромада, аз ӯ барои ҷудо намудани 0,04-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ 4 ҳазору 800 доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати ҳолатҳои зикргардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошкор гардидани ҳодисаҳои дуздӣ

33

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 22-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 12-уми январи соли 2022, тахминан соати 10:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад дучархаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
Ҳамзамон ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 50-солаи сокини ҳамин шаҳр муроҷиат намудааст, ки 19-уми январи соли 2022, тахминан соати 20:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва нуқрагиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 56 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button