ВидеоНомаҳо ба президентРӯйдодҳои Бадахшон

МУРОҶИАТИ “КОМИССИЯИ 44” БА ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ТАФТИШИ ПАРВАНДАИ ЗИЁБЕКОВ ҚАТЪ ШУДААСТ (ВИДЕО)

Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз “комиссияи 44”, ки эътирозгарони шаҳри Хоруғ барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳояшон интихоб кардаанд, рӯзи 16 январ дар як муроҷиатнома аз президенти Тоҷикистон хостанд, ки ҷараёни расидагӣ ба вазъ дар ин вилоятро зери назорати бевоситаи худ бигирад.

Аъзои “комиссияи 44” мегӯянд, мақомот тафтиши парвандаҳои латтукӯби кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва ҳатто буридани дарахтонро дар ҷои аввал гузошта,  тафтиши парвандаи кушта шудани ду нафар ва захмӣ шудани15 тани дигар дар ҷараёни эътирозҳои Хоруғро ба боди фаромӯшӣ супурдаанд.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи онҳо, тафтиши парвандаи асосӣ: парвандаи марги сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков, ки маҳз ҳамин қазия сабаби эътирозҳои густарда дар Хоруғ шуд ва ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорони марги ӯ талаби асосии эътирозгарон буд, аз 30 декабр ба ин тараф, инак беш аз ним моҳ боз “муваққатан” боздошта шудааст.

Аъзои “комиссияи 44” дар паёми худ ба Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар матбуоти расмӣ аз сокинони Бадахшон симои як ҷинояткор метарошанд ва ТВ “Бадахшон”, ба гуфтаи онҳо, ба ҷуз аз сиёҳ кардани мардуми вилоят кори дигар надорад.

Ба ақидаи намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон, чунин сурати ҳол ба амният ва суботи тамоми Тоҷикистон таҳдид мекунад ва ба ин далел, зарурати дахолати бевоситаи худи президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаи Бадахшон пеш омадааст.

Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа баъди боздошташ дар санаи 25 ноябр ба таври мармуз ба ҳалокат расид ва марги ӯ нуқтаи оғози эътирозҳои Хоруғ шуд, ки 4 рӯз: аз 25 то 28 ноябр давом кард. Мардум ҷасади Зиёбеков дар рӯи даст аввал дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас дар майдони назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони марги ӯро талаб карданд.

Дар рӯзҳои нооромиҳо дар Бадахшон боз ду сокини ин вилоят кушта ва дастикам 15 тани дигар захмӣ шуданд. Мақомот аз ҷароҳат бардоштани 12 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар доданд.

Эътирозгарон танҳо шоми 28 ноябр вақте хона ба хона пароканда шуданд, ки мақомот ваъдаи таҳқиқи муштараки қазияи марги Гулбиддин Зиёбековро доданд. Ба ин мақсад як гуруҳи махсуси иборат аз 20 намояндаи ниҳодҳои тафтишотӣ ва 6 намояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ низ ташкил шуд, вале бо гузашти беш аз якуним моҳ ягон нафари гумонбар дар марги Зиёбеков  муайян ва дастгир нашудааст.

 Барқарор кардани хатти алоқаи мобил ва Интернет, ки як ваъдаи дигари мақомот дар ивази холӣ кардани майдон ба эътирозгарон буд, низ бо гузашти якуним моҳ иҷро нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button