ВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои Бадахшон

PAMIR DAILY NEWS: ХАБАРИ БОЗДОШТИ АМРИДДИН АЛОВАТШОЕВ РОСТ БАРОМАД

Пойгоҳи мустақили Pamir Daily News, ки таҳаввулоти марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 14 январ хабар дод, ки хабари боздошти яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон Амриддин Аловатшоев дар Русия  тасдиқ шуд.

 “7 нафареро, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, рӯзи 13 январ озод кардаанд. Манобеъ хабар медиҳанд, ки Амриддин ва рафиқони ӯ, дар маҷмӯъ 8 нафарро кормандони ФСБ рӯзи 11 январ дар шаҳри Белгород дастгир карданд. Баъди чанде Аловатшоевро аз бақияи боздоштшудагон ҷудо кардаанд ва дар ҳоли ҳозир дар куҷо будани ӯ маълум нест”, – гуфта мешавад дар гузориши Pamir Daily News.

Пештар ин расона хабар дода буд, ки бино ба иттилои пайдокардааш, Аловатшоевроба Тоҷикистон месупоранд. Мақомоти ВКД Тоҷикистон ба Душанбе овардани шудани ӯро рад мекунанд.

Давоми рӯзи 13 январ дар бораи сарнавишти яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон Амриддин Аловатшоев аз Русия хабарҳои гуногун ба даст мерасид.

Бино ба бархе манобеъ, Амриддин Аловатшоев ахиран дар ҳудуди вилояти Белгороди Русия ҳангоми убури марзи Русия бо Украина  бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дастгир шудааст.

Манобеи дигар мегуфтанд, ки ӯро бар асоси муомилае ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд ва ӯ ё дар садади истирдод ба Душанбест ваё шояд ҳатто алакай дар Душанбе дар ҳабс қарор дорад.

Вале наздикони Аловатшоев исрор меварзиданд, ки ӯ дар озодӣ қарор дорад, вале дар пайи як кӯшиши боздошташ дар Маскав дар як макони амн пинҳон карда шудааст.

Амриддин Аловатшоев зодаи ноҳияи Роштқалъа буда, 44 сол дорад. Исми ӯ бори аввал дар октябри соли 2018 вақте дар сархатти хабарҳо афтод, ки мақомот дар қатори 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон бо Аловатшоев низ як протоколи алоҳида имзо карданд. Бар асоси он санад, Аловатшоев уҳдадор мешуд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ даст кашида, ҷавононро ба зидди ҳукумат нашӯронад.

Аловатшоев соли 2019 ба Русия рафт ва ба зудӣ яке аз лидерҳои бонуфузи диаспораи зодагони Бадахшон дар ин кишвар шуд.  Гуфта мешавад, ки Аловатшоев дар ҳалли мушкилоте, ки ба сари муҳоҷирони бадахшонӣ дар Русия меомад, кумак мекард ва барои ҷавонони ин минтақа дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия толорҳои варзишӣ ташкил мекард.

Амриддин Аловатшоевро яке аз ташкилкунандагони митинги шоми 25 ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки он шом бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода мулоқот карданд ва талабҳои эътирозгаронро ба вай расонданд. Ба дунбол, дар саҳифаҳои марбут ба “фермаи ҷавоб” Аловатшоевро нафаре номиданд, ки гӯё бо ҷурми таҷовуз таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.

Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон рӯзи 10 январ дар як ҷаласа дар Хоруғ Аловатшоевро “саркардаи гуруҳи ҷиноӣ” ном бурда, ба он айбдор карданд, ки зодагони ин вилоятро дар Русия ба зидди ҳукумат мешӯронад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button