ВарзишВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ПУШТИБОНИИ ГЕНЕРАЛ ЯТИМОВ АЗ ХИТОЙ ДАР МАСЪАЛАИ ОЛИМПИАДА

Ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ қатъиян пуштибонӣ мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо истинод ба раиси КДАМ ҶТ, генерал-полковник Саймумин Ятимов хабар додаанд.

Дар маркази матбуоти КДАМ ҶТ зикр кардаанд, ки вазъи феълии минтақа ноустувор буда, таҳдидҳои террористӣ, ки аз марказҳои дахлдор бармеоянд, ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи ғарбии Чин пайваста таҳдид мекунанд, ки барои Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин таҳдиди фаврӣ аст. Аз ҷониби дигар, дар вақти муқарраршуда варзишгарони тоҷик ва ҳайати мо дар Олимпиада ширкат мекунанд.

Дар идомаи изҳорот гуфта мешавад, ки “ҷониби Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва  муваффақонаи Бозиҳои олимпӣ пуштибонӣ мекунад” ва  “КДАМ ҶТ ҷиҳати рафъи таҳдидҳои эҳтимолӣ ҷиҳати таъмини амнияти варзишгарони тоҷик ва ҳайати мо, инчунин баргузории  муваффақонаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ чораҳои зарурӣ меандешад.”

Дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон танҳо ду варзишгар – Баҳриддин Ғоибов ва Сайдашраф Эшонов муборизаро барои роҳхат ба мусобиқоти лижаронии кӯҳии Олимпиадаи зимистонаи Пекин идома дода истодаанд.

Олимпиадаи Пекин аз 4 то 20 феврал давом мекунад ва дар ҷараёни он варзишгарон барои  109 маҷмӯи медалҳо дар 15 намуд ва 7 навъи варзишҳои зимистона: биатлон, бобслей, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронӣ, чанасаворӣ ва хоккей вориди сабқат мешаванд.

Ба далели маъракаҳои густардаи таъқиби ақалияти мусалмони уйғур аз сӯи мақомоти Чин дар ҷаҳон баҳсҳое пиромуни иштирок кардан ё накардан дар Олимпиадаи Пекин ҷараён доранд.

Маъмурияти Амрико гуфт, Олимпиадаи Пекинро мавриди таҳрими дипломатӣ қарор медиҳад ва ягон намояндаи расмӣ ё дипломати амрикоӣ дар маросимҳои марбут ба Бозиҳои олимпӣ дар Пекин иштирок нахоҳад варзид.

Шӯрои ҷаҳонии имомҳо иштироки варзишгарони мусалмонро дар Олимпиадаи Пекин ба далели таъқиби уйғурҳо “ҳаром” ҳукм кард. Вале ягон кишвари мусулмонӣ то кунун бар асоси ин фатво аз азмаш барои иштирок дар Олимпиадаи Пекин худдорӣ накардааст. Муфтии аъзами Русия Равил Ғайнуддин бошад изҳор дошт, ки чунин фатворо аслан имзо накардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button