ВидеоРӯйдодҳои БадахшонҶомеа

МУНОҚИША ДАР НАЗДИ ТАРАБХОНАИ “МАРКО ПОЛО”(2 АКС)

Санаи 10-уми январи соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқишаи лафзии як гурӯҳ ҷавонон дар назди тарабхонаи «Марко Поло» воқеъ дар кӯчаи Н.Махсуми ноҳияи Сино инъикос ёфтааст. Шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои ичтимоӣ аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то нисбати вайронкунандагони тартибот чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки дар натиҷаи санҷиши навори мазкур муайян карда шуд, ки ин ҳодиса санаи 9-уми январи соли ҷорӣ тахминан соати 19:00 дақиқа рух дода, шаҳрванд Имомназаров Руслан Ақназарович, санаи таваллудаш 17.05.1973, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, ки қаблан бо ҷурми ғоратгарӣ тибқи талаботи моддаи 248 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар ҳолати мастӣ бо суханони қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.

Ба гуфтаи мақомоти милитсия, зимни пурсиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур кирдори зиддиҳуқуқии Имомназаров Руслан исботи худро ёфта, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Сино ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати Имомназаров Руслан ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин намуд.

Назари Руслан Имомназаров ва наздиконаш ба ин қазия дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button