ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ГИРИФТАНИ ҶАВОҲИРОТ ВА МОШИНУ МАБЛАҒ БО РОҲИ ҚАЛЛОБӢ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза зани 44-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2021, 2 нафар зани 48 ва 55-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб бо бовариаш даромада, аз ӯ 600 грамм ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро, ки арзишашон 330 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта, ваъда додаанд, ки маблағашро дар муддати кӯтоҳ бармегардонанд, вале то ҳол маблағашро бар нагардонидаанд.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун муроҷиат намудааст, ки 12-уми майи соли 2021, марди 47-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри”-ро ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ ва боз маблағи 50 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар хонаи баландошёнаи навбунёд, дар 12-ум ошёна, 76,7 метри квадратӣ хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад. Аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button