АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

МАНОБЕЪ: МАСЪУД ВА ИСМОИЛХОН ДАР ЭРОН БО ВАЗИРИ ХОРИҶАИ ТОЛИБОН МУЛОҚОТ МЕКУНАНД

Шабакаи хабарии Afghanistan International бо такя ба ду манбаи, ба таъкиди ин расона, муътабар дар Теҳрону Машҳад хабар дод, ки раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмади Масъуд ва волии собиқи Ҳирот Исмоилхон дар Эрон бо вазири хориҷаи ҳукумати Толибон Амирхон Муттакӣ  мулоқот мекунанд.

Амирхон Муттақӣ рӯзи 8 январ дар раъси як ҳайъати Толибон ба Теҳрон сафар кард. Вазорати хориҷаи Толибон гуфт, ин сафар бо даъвати вазорати хориҷаи Эрон сурат гирифта, қарор аст, дар ҷараёни он масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ шавад. Вале манобеи дигар гуфтаанд, ки сафари Муттақӣ бо даъвати Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон сурат мегирад.

Волии собиқи Ҳирот Исмоилхон дар пайи тасарруфи Ҳирот аз сӯи Толибон барои муддати кӯтоҳе дастгир шуд ва баъди раҳоияш ба Эрон паноҳ бурд ва ҳоло дар Машҳад ба сар мебарад. Дар замони ҳукумати аввали Толибон дар нимаи дуюми солҳои 90 низ Исмоилхон чандин сол дар Машҳади Эрон паноҳ бурда буд.

Манобеи Afghanistan International хабар додаанд, ки Аҳмади Масъуд низ дар ҳоли ҳозир барои аёдати аҳли хонаводааш дар Машҳад қарор дорад. Ба гуфтаи ин манобеъ, дар мулоқот бо вазири хориҷаи Толибон, қарор аст, як силсила афроди дигар, аз ҷумла волии собиқи Бодғис Ҳисомуддин Шамс, ки низ дар Эрон қарор доштааст, иштирок кунанд.

Afghanistan International менависад, ки Амирхон Муттақӣ қаблан ба Исмоилхон ва Аҳмади Масъуд пешниҳоди сулҳ ва музокирот додааст.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯйи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ин хабарро рад кард ва гуфт, ягон мулоқоте бо намояндаи Толибон дар назар нест. Вале агар ин хабар рост барояд, пас ин нахустин музокироти режими нави Толибон бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд хоҳад шуд.

Қаблан моҳи сентябр дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Покистон Имронхон дар Душанбе тавофуқ шуда буд, ки музокироти Толибон бо Ҷабҳаи муқовимат дар Душанбе доир карда шавад. Имронхон баъди бозгашташ ба Исломобод хабар дод, ки рӯи ин масъала ба Толибон фишор оварда истодааст. Аммо  роҳбарони Толибон ба далели пуштибонии ошкори ҳукумати Тоҷикистон аз Аҳмади Масъуд ин пешниҳодро напазируфтанд.

Ҷангҷӯёни Толибон моҳи августи соли 2021 дар пешорӯи хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар байни ҳамагӣ 10 рӯз аксари қаламрави Афғонистон, бо шумули пойтахташ, шаҳри Кобулро ишғол карданд. Аммо тоҷикони Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд султаи Толибонро напазируфтанд ва Ҷабҳаи муқовимати миллиро таъсис доданд, ки дар дараи Панҷшер ва атрофи он ба зидди режими нави Толибон меҷангад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button