ВидеоМуҳоҷирон

ФИРОРИ ДУ МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК АЗ ТОЛОРИ ДОДГОҲ ДАР ШАҲРИ ПЕТЕРБУРГИ РУСИЯ

Пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия ду муҳоҷиреро ҷустуҷӯ дорад, ки баъди эълони ҳукми ихроҷашон аз қаламрави Русия аз толори додгоҳ фирор кардаанд. Дар ин бора манбаи  пойгоҳи хабарии 78.ru дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, рӯзи 8 январ додгоҳи ноҳияи Кирови шаҳри Петербург парвандаи маъмурии ду шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистонро, ки ба вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират айбдор мешуданд, баррасӣ карда, ҳардуро ҷарима баст ва ҳукми ихроҷашон аз қаламрави Русияро баровард.  Вале маҳкумшудагон норозигии худро аз ҳукми додгоҳ бо роҳи фирор баён карданд: вақте ки приставҳо онҳоро баъди анҷоми мурофиа берун бароварда, ба мошин савор карданӣ буданд,  фирор карданд.

Ҳарду муҳоҷири фирориро билофосила таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд, вале бо гузашти як рӯз ҳанӯз натавонистаанд, ки онҳоро пайдо кунанд.

Хабаргузории «Спутник»  ёдовар шудааст, ки чунин як ҳодиса тирамоҳи соли 2021 дар Маскав рӯё дода буд ва як муҳоҷир, ки баъди адои ҳукми зиндонаш мебоист аз Русия ихроҷ карда мешуд,  тавонист ки аз фурудгоҳи Внуково, қабл аз савор карданаш ба ҳавопаймо фирор кунад. Ӯ ба курсии мусофири як мошине, ки дар он наздикӣ истода буд, парида савор шуд ва ронандаи мошин ҳангоми фирор як корманди пулисро ҳам пахш кард. Муҳоҷири фирориро танҳо дар пайи дар саросари Маскав ба роҳ андохтани амалиёти “Перехват” тавонистанд дастгир кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button