ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД КУШОДА ШУД, ВАЛЕ БАРОИ ФУРАҲО МАҲДУДИЯТҲО БОҚИСТ (ВИДЕО)

Ширкати IRS, масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, ягона роҳи заминии байни шимол ва маркази Тоҷикистон, 5 январ хабар дод, ки “роҳи Душанбе – Чанок кушода аст. Кормандони филиали ширкат пайомади тармаҳоро бартараф, роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард намуда истодаанд.”

Вале ширкат дар иттилоияаш меафзояд, ки “бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт, хоса автомобилҳои сабукрав, барои “Фура” ва нақлиёти притсепдор маҳдудият ҷорӣ шудааст.”

Ширкати IRS аз нимаи дуюми рӯзи 4 январ ба ҳаракати мошинҳои сабукрав тавассути ин шоҳроҳ иҷозат дода буд. Барфрезии шадид аз 1 январ ҳаракати нақлиётро тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ мушкил кардааст ва  ин роҳ алакай чанд дафъа боз баста ва кушода мешавад.

Шаби 3 январ ширкати IRS дар пайи фаромандани 14 тарма  ва дар банди барф мондани 26 мошин тасмим гирифт, ки ҳаракати тамоми намуди нақлиётро дар ин шоҳроҳ  муваққатан, то замони бартараф кардани тармаҳо боздорад.

Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, хатари фаромадани тармаҳо дар роҳҳои кӯҳистон, аз ҷумла дар роҳи Душанбе Хуҷанд дастикам то 6 январ боқӣ мемонад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ин далел аз ронандагон хостааст, аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва бидуни зарурат ба сафар набароянд. Бавижа бо роҳҳои кӯҳистон.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо қисматҳои боқимондаи ин ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо пойтахташ, шаҳри Душанбе мепайвандад. То сохта шудани нақби “Истиқлол” дар ин шоҳроҳ ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон аз тариқи ағбаи Анзоб буд, ки дар зимистон баста мешуд.

Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо наздики 300 миллион доллар қарзи Хитой навсозӣ шуда, аз соли 2009 масъулияти нигоҳубин ва пулчиниаш ба ширкати IRS вогузор карда шуд. Дар ҳоли ҳозир ин ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button