Номаҳо ба президентҶомеа

САРДОРИ МИЛИСА БА ПЕШОНИИ САРТАБИБИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН ПИСТОЛЕТ МОНДА, СИПАС БА ҲАВО ДУ ТИР ЗАДААСТ

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки шаби 31 декабри соли 2021, дар ҷараёни як моҷаро полковник Қурбоналӣ Пӯлод Барфӣ, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун, ба пешонии Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳия, таппонча гузошта, пас аз кашокаш ба ҳаво ду тир холӣ кардааст.

Ҳоло додситонии вилояти Хатлон ин қазияро таҳқиқ мекунад. Мақомот расман моҷарои байни мансабдорони баландпоя дар ноҳияи Ҷайҳунро шарҳ намедиҳанд, вале ба иттилои Озодӣ, вазорати корҳои дохилӣ барои ин кор алакай рӯзи 3-юми январ Пӯлод Барфиро аз мақомаш барканор кардааст. Ҳоло Исроил Ғоибзода иҷрокунандаи вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун  таъйин шудааст.

Бино ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, сабаби муноқиша ин будааст, ки гӯё кадом хеши сартабиби Ҷайҳун нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ доштааст ва ба Пӯлод Барфӣ беэҳтиромӣ кардааст. Пӯлод Барфӣ дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки “ҳеч ҷанҷоле набуд”. Вазорати корҳои дохилӣ мавзӯъро шарҳ надодааст, вале дар додситонии вилояти Хатлон ҳодисаро тасдиқ карданд.

“Ҳодиса шаби Соли нав дар як тарабхонаи ноҳия рух додааст. Он ҷо раиси суди ноҳия ва сардори шуъбаи КДАМ  дар ноҳияи Ҷайҳун низ ҳузур доштаанд. Онҳо ҷанг байни ду нафарро халос карда, бо даъвати дигарон таппончаро аз дасти сардори ШВКД гирифтаанд,” — гуфтааст яке аз мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки нахост номаш фош шавад.

Ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, то 3-юми январ ҳама иштирокчиёни ҳодиса онро пинҳон доштаанд ва мақомоти додситонӣ аз ин ҳодиса дертар огоҳ шудаанд.

Ҳомидҷон Абдулҳамидзода, сартабиби ноҳияи Ҷайҳун, рӯзи 5-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “аз мақомоти тафтишотӣ пурсед, ки чӣ ҳодиса шудааст?”

Полковник Қурбоналӣ Пӯлод Барфӣ даҳ моҳ пеш ба вазифаи сардори ШКД-и ноҳияи Ҷайҳун таъин шуда буд. Ӯро ба ҷойи Неъматулло Солеҳзода, ки бо иттиҳоми “сӯиистифода аз мансаб” дар қазияи кочоқи тило боздошт шуд, ба ин вазифа таъин карданд. Пеш аз ин, Пӯлод Барфӣ сардори шуъбаи милитсияи истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе будааст.

dav

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ин шармандагист аз тарафи коркунони давлати аз тарафи сардори милиса агар қонунро вайрон карда шавад пас вой бар ҳоли мардуми гулу нодон

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button