ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ЭЪТИРОЗГАРОН ДАР АЛМА-АТО БИНОИ ШАҲРДОРӢ ВА ҚАСРИ ПРЕЗИДЕНТРО ИШҒОЛ КАРДАНД (ВИДЕО)

Бо вуҷуди истеъфои ҳукумати Қазоқистон эътирозҳо дар ин кишвар ҳамчунон идома доранд.

Эътирозгарон рӯзи 5 январ бино шаҳрдории Алма-Ато ва ҳамчунин бинои қароргоҳи президент дар ин бузургтарин шаҳри Қазоқистонро ишғол карданд. Бино ба хабарҳо, бинои шаҳрдорӣ ва ҳамчунин чанд дафтари ҳизби ҳокими Нур Отанро дар Алма – Ато оташ задаанд.  Дафтари шабакаи телевизионии “Мир”, ки ба таблиғи режими ҳоким айбдор мешуд, низ дучори ҳамлаи эътирозгарон шудааст.

Бино ба хабарҳо, мақомоти Қазоқистон интернет ва алоқаи мобилро қатъ кардаанд ва аксари сомонаҳои хабарие, ки масоили Қазоқистонро пайгирӣ мекарданд, дар берун аз Қазоқистон дастнорас шудаанд.

Қосим-Жомарт Тоқаев, президенти расмии Қазоқистон рӯзи 5 январ дар пойтахт, шаҳри Нур-Султон (собиқ Остона) низ вазъи фавқулодда ва қуюди шабгардӣ, яъне соати комендантӣ ҷорӣ кард. Соати комендантӣ аз соати 23:00 то 07:00 давом мекунад ва дар ин соатҳо ба кӯча баромадани сокинон манъ карда мешавад.  Тоқаев рӯзи 4 январ алакай дар шаҳри Алма –Ато ва вилояти Мангистау ва баъдан дар саросари вилояти Алма –Ато  вақти комендантӣ ва вазъи фавқулодда ҷорӣ кард, вале ин пеши роҳи эътирозҳоро гирифта натавонист.

Ёдовар мешавем, субҳи 5 январ  дар пайи эътирозҳои густарда ба зидди боло бурдани нархи газ, ки дар шаҳрҳои Қазоқистон аз 2 январ ба ин сӯ идома доранд, ҳукумати ин кишвар истеъфо дод.  Тоқаев истеъфои ҳукуматро пазируфта, Алихон Смаиловро, ки то кунун муовини аввали сарвазир буд, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳукумат  таъйин кард.

Истеъфои ҳукумати Қазоқистон дар пайи эътирозҳоест, ки рӯзи 2 январ дар шаҳри Жанаозен дар ғарби ин кишвар оғоз ёфт ва дар байни се рӯз тақрибан ҳамаи шаҳрҳои бузурги Қазоқистон, бо шумули Алма-Ато ва пойтахташ, шаҳри Остонаро фаро гирифт.

Дар аввал сабаби бо эътироз ба майдонҳо рехтани мардум аз 1 январ ду маротиба боло бурдани нархи гази моеъ шуд. Аксари сокинон, бахусус дар ғарби Қазоқистон  дар мошинҳои худ аз гази моеъ истифода мебаранд ва табиист, ки якбора ду маротиба боло бурдани нархи он ба кисаи мардум зарбаи сахт мезанад.

 Дар рӯзи сеюми эътирозҳо, вақте тазоҳурот тақрибан ҳамаи шаҳрҳои бузурги Қазоқистонро фаро гирифт, мақомот розӣ шуданд, ки нархи газро то ба ҳадди 50 танга, ки  эътирозгарон талаб доштанд, пойин биоранд. Вале дигар кор аз кор гузашта буд: Эътирозгарон дар майдонҳо дигар нафақат пойин овардани нархи газ, балки талабҳои дигар, ба мисли истеъфои ҳукуматро гузошта буданд. Ҳамин тавр, акнун дар майдонҳо шиори «Шал, кет!» (“Мӯсафед, бирав!”) ҳарчӣ бештар садо медиҳад. Манзури эътирозгарон Нурсултон Назарбоев аст, ки бо вуҷуди ба 81 расидани синну солаш ва расман гӯё тарк кардани курсии президент, ҳамчунон аз паси парда раҳбарии тамоми умури Қазоқистонро дар панҷаҳои худ нигоҳ дошта, президенти кунунӣ Қосим-Жомарт Тоқаев амалан ба як президенти лӯхтак табдил додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button