ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ҲУКУМАТИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ПАЙИ ЭЪТИРОЗҲОИ МАРДУМ ИСТЕЪФО ДОД (ВИДЕО)

Дар пайи эътирозҳои густарда ба зидди боло бурдани нархи газ, ки дар шаҳрҳои Қазоқистон аз 2 январ ба ин сӯ идома доранд, ҳукумати ин кишвар истеъфо додааст.

Оқ-Ӯрда (Қасри раёсатҷумҳурии Қазоқистон) хабар дод, ки президент Қосим-Жомарт Тоқаев субҳи 5 январ истеъфои ҳукуматро пазируфт. “Раҳбари давлат қарор кард, ки бар асоси талаботи моддаи 70 Қонуни асосии Қазоқистон истеъфои ҳукумати ҷумҳурии Қазоқистонро қабул кунад”,  –  гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ. Алихон Смаилов, ки то кунун муовини аввали сарвазир буд, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳукумат ташкил шуда, аъзои ҳукумат вазифадор карда шудаанд, ки то тасдиқи ҳайъати нави ҳукумат ба кори худ идома диҳанд.

Истеъфои ҳукумати Қазоқистон дар пайи эътирозҳоест, ки рӯзи 2 январ дар шаҳри Жанаозен дар ғарби ин кишвар оғоз ёфт ва дар байни се рӯз тақрибан ҳамаи шаҳрҳои бузурги Қазоқистон, бо шумули Алма-Ато ва пойтахташ, шаҳри Остонаро фаро гирифт.

Дар аввал сабаби бо эътироз ба майдонҳо рехтани мардум аз 1 январ ду маротиба боло бурдани нархи гази моеъ шуд. Аксари сокинон, бахусус дар ғарби Қазоқистон  дар мошинҳои худ аз гази моеъ истифода мебаранд ва табиист, ки якбора ду маротиба боло бурдани нархи он ба кисаи мардум зарбаи сахт мезанад.

 Дар рӯзи сеюми эътирозҳо, вақте тазоҳурот тақрибан ҳамаи шаҳрҳои бузурги Қазоқистонро фаро гирифт, мақомот розӣ шуданд, ки нархи газро то ба ҳадди 50 танга, ки  эътирозгарон талаб доштанд, пойин биоранд. Вале дигар кор аз кор гузашта буд: Эътирозгарон дар майдонҳо дигар нафақат пойин овардани нархи газ, балки талабҳои дигар, ба мисли истеъфои ҳукуматро гузошта буданд. Ҳамин тавр, акнун дар майдонҳо шиори «Шал, кет!» (“Мӯсафед, бирав!”) ҳарчӣ бештар садо медиҳад. Манзури эътирозгарон Нурсултон Назарбоев аст, ки бо вуҷуди ба 81 расидани синну солаш ва расман гӯё тарк кардани курсии президент, ҳамчунон аз паси парда раҳбарии тамоми умури Қазоқистонро дар панҷаҳои худ нигоҳ дошта, президенти кунунӣ Қосим-Жомарт Тоқаев амалан ба як президенти лӯхтак табдил додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button