ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ҲАВОПАЙМО БА ҶОИ ХУҶАНД ДАР ФУРУДГОҲИ ТОШКАНД НИШАСТ

Ҳавопаймои ширкати русии S7 (“Сибирь”), ки бо 174 мусофир дар хатсайри Нижний Новгород – Хуҷанд парвоз мекард, субҳи 5 январ ба сабаби тумани ғафс натавонистааст дар фурудгоҳи Хуҷанд пойин шавад. Фазлиддин Ҳасанов, раҳбари намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Сибирь” дар Тоҷикистон ба  хабаргузории “Азия Плюс” хабар дод, ки ҳавопаймо мебоист соати 9 субҳи 5 январ дар Хуҷанд менишаст, вале баъди 10 маротиба давр задан дар атрофи фурудгоҳи Хуҷанд маҷбур шуд, ки ба Тошканд биравад.

“Ҳавопаймо 10 маротиба дар атрофи шаҳри Хуҷанд давр зад, вале ба сабаби тумани ғафс нишаста натавонист. Ҳавопайом сипас ба фурудгоҳи эҳтиётӣ: фурудгоҳи ба номи Ислом Каримови шаҳри Тошканд парвоз кард”, – хабар додааст Ҳасанов.

Ҳавопаймо танҳо баъди се соат тавонистааст мусофиронашро аз Тошканд ба Хуҷанд биорад. “Барои сарфа кардани вақти мусофирони мунтазир дар фурудгоҳи Хуҷанд, мо ҳавопайморо якбора дар Тошканд бо маводи сӯхт пур кардем. Ҳавопаймо алакай дар Хуҷанд аст ва баъди савор кардани мусофиронаш ба Нижний Новгород бармегардад”, – хабар додааст намояндаи ширкати ҳавопаймоии “Сибирь” ба “Азия Плюс”.

Нишасти изтирории ҳавопаймои ширкати русӣ дар Тошканд ба ҷои Хуҷанд дар ҳолест, ки Тоҷикистон чанд рӯз боз дар панҷаи сардиҳо қарор дорад. Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод, ки дастикам то 8 январ дар кӯҳҳои Тоҷикистон хатари зиёди фаромадани тармаҳо ва дар водиҳо фаромадани туман боқӣ мемонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button