ВидеоИқтисодМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲуқуқи инсон

МАҚОМОТИ РУСИЯ АЗ 1 ЯНВАР БА ИХРОҶИ МУҲОҶИРОНИ ҒАЙРИҚОНУНӢ САР МЕКУНАНД

Рӯзи 31 декабр чораҳои муваққатие, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медод бидуни тарки қаламрави Русия ҳуқуқи худро барои анҷоми фаъолияти корӣ дар ин кишвар қонунӣ кунанд, ба поён мерасад. Ин имтиёзҳо бо фармони президенти Русия Владимир Путин аз моҳи марти соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус ҷорӣ гардида, ҳар се моҳ тамдид мешуд. Вале Путин фармони худро бори охир моҳи сентябр тамдид карда, моҳи декабр дигар ин корро накард.

Ба ин далел дар арафаи соли нав ВКД Русия дар тамоми сомонаҳояш  ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳушдор дод, ки аз 1 январи соли 2022 барои фаъолияти кории ғайриқонунӣ ба иловаи ҷарима ба маблағи то 5 ҳазор рубл нисбат ба  шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аз чораҳое, ба мисли берун кардан (выдворение) аз қаламрави Русия ва манъи вуруди дигарбора ба ин кишвар кор бигиранд. “Корфармоёнро барои ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кор барои ҳар як чунин коргар то 800 ҳазор рубл метавонанд ҷарима банданд” – гуфта мешавад дар ҳушдори ВКД. Ба корфармоён ҳамагӣ 3 рӯз фурсат додаанд, то бо коргарони хориҷиашон қарордоди корӣ баста, дар ин бора мақомоти умури дохиларо хабардор кунанд.

ВКД Русия ба шаҳрвандони хориҷие, ки бидуни санад дар Русия кор мекунанд, боисрор тавсия додааст, ки ба сурати оҷил ба мақомоти умури муҳоҷират муроҷиат карда, фаъолияти кории худро дар Русия қонунӣ гардонанд. ВКД Русия гуфт, шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё метавонанд сарфи назар аз мақсади нишондодашудаи сафарашон ба Русия қарордоди корӣ банданд. Ҳамин тавр, шарвандони Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Молдова ва Тоҷикистон низ ҳақ доранд сарфи назар аз мақсади нишондодашудаи сафарашон ба Русия барои патент муроҷиат кунанд.

Дар Русия беш аз 7,5 миллион шаҳрванди хориҷӣ кор мекунад. Беш аз 5 миллиони онҳо аз 3 кишвари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ будаанд – 3 миллион нафар аз Ӯзбекистон, қариб 1,6 миллионаш аз Тоҷикистон ва беш аз 600 ҳазори дигараш аз Қирғизистон.

Вниманию иностранных граждан!

Введенные Президентом Российской Федерации временные меры, позволявшие иностранным гражданам урегулировать свой правовой статус в целях законного осуществления трудовой деятельности без выезда из Российской Федерации, заканчиваются 31 декабря 2021 года.

В этой связи управление по вопросам миграции ГУ МВД России по Алтайскому краю настоятельно рекомендует до 31 декабря 2021 года:

1. Иностранным гражданам, не имеющим документов для работы в России, безотлагательно обратиться в управления по вопросам миграции ГУ МВД России по месту их жительства. При этом граждане:

– Азербайджана, Молдовы, Таджикистана, Узбекистана и Украины вправе обратиться за получением патента без учета требований к сроку подачи документов и заявленной цели въезда в Российскую Федерацию;

– государств – членов Евразийского экономического союза вправе заключить трудовые или гражданско-правовые договоры независимо от цели въезда в Российскую Федерацию.

2. Работодателям, привлекающим иностранных граждан для выполнения работ или оказания услуг:

– оформить с ними трудовые отношения и в трехдневный срок уведомить территориальные органы внутренних дел.

– имеющим разрешение на привлечение иностранных работников необходимо обратиться за получением разрешений на работу иностранным гражданам независимо от их цели въезда в Российскую Федерацию;

Обращаем внимание, что с 1 января 2022 года за незаконное осуществление трудовой деятельности помимо штрафных санкций (до пяти тысяч рублей) к иностранцам могут быть приняты меры, связанные с выдворением за пределы России и запретом на обратный въезд. Работодатели за незаконное привлечение иностранных граждан к трудовой деятельности могут быть подвергнуты штрафным санкциям до 800 тысяч рублей за каждого такого работника.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button