ВидеоНомаҳо ба президентНуқтаи назар

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРАРО МЕХОҲАНД БА НОМИ ПЕШВО ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ КУНАНД

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот  рӯзи 30 декабр  бо тавсиф аз дастовардҳои Тоҷикистон дар аҳди раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳисоботаш ба Шӯрои олимон гуфтааст, “мо ният дорем, ки  Донишгоҳи давлатии Данғара ба Донишгоҳи байналмиллалии Пешвоӣ табдил дода шавад.”

Пешвои миллат –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ унвони расмиест, ки соли 2016 бо қабули як қонуни вижа ба президенти кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дода шудааст, вале дар суханрониҳо ӯро бештар  “Пешво” ё “Пешвои миллат” ном мебаранд.

 Пешниҳоди  ба донишгоҳи давлатии  Данғара  додани номи Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки ахиран дар расонаҳои маҳаллӣ дар бораи дар зодгоҳаш гузоштани ҳайкали президенти кунунии Тоҷикистон низ пешниҳодҳое садо дод. Қаблан ба шаклҳои мухталиф пешниҳодҳое дар бораи ба номи ӯ гузоштани нирӯгоҳи Роғун ва ҳатто  табдили номи пойтахти Тоҷикистон ба Раҳмонобод ё Раҳмон Сити низ садо додаанд.

То кунун дар Тоҷикистон расман танҳо ду деҳа: яке дар ноҳияи Ишкошим ва як маҳалла дар ноҳияи Мастчоҳ ба шарафи президенти ин ҷумҳурӣ Раҳмонобод номгузорӣ шудаанд.

Тайи  чанд соли охир дар кишвар пешниҳодҳои аҷоибу ғароиб дар мавриди унвонҳо ба номи Эмомалӣ Раҳмон гузоштани маконҳову ҷойҳо ба номи ӯ ба  таври густурда ҷараён дорад.

Вале маълум нест, ки Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди донишгоҳи давлатии Данғараро ба донишгоҳи байналмилалии Пешво қабул мекунад ё хайр.

Ин пешниҳод дар ҳоле садо дод, ки нақшаи таъсиси вилояти Данғара ҳам дар дасти баррасӣ қарор доштааст.

Чанде пеш муовини раиси ноҳияи Данғара Ҷамшед Шарифзода,  дар нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон гуфта  буд, ки бо қарори ҳукумат дар ноҳия биноҳои бузурги маъмуриву маишиву фарҳангие бунёд мешаванд, ки вижаи як маркази вилоятанд ва ин ҳама ба он маъност, ки Данғара вилоят мешавад, аммо дар бораи замони дақиқи таъсиси ин вилоят ҳанӯз чизе гуфта наметавонем.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунунии Тоҷикистон 69 сол дошта, аз соли 1992, инак 29 сол боз бар ин кишвар раҳбарӣ мекунад. Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон бо тавсиф аз пешрафтҳои Тоҷикистон дар даврони раҳбарии ӯ мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон буд, ки давлатдории тоҷикронро баъди ҳазор сол эҳё кард ва кишварро аз ҷанг берун кашид.

Вале мунтақидон ва мегӯянд, бо вуҷуди 29 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон яке аз фақиртарин кишварҳои Шӯравии собиқ боқӣ мондааст, ки мардумашро бо ҷои кор ва ҳатто бо нирӯи барқ таъмин карда наметавонад. Бунёди як режими худкомаи олуда ба фасоду хешутаборбозӣ як мояи дигари интиқодҳо аз 29 соли раёсати Эмомалӣ Раҳмон аст.

Донишгоҳи давлатии Данғара соли 2013 дар заминаи филиали Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Шохиён Нурали Набот

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button