Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

ҚАДРДОНИИ ШАҲРВАНД ЗАФАР ХИДИРОВ БО МЕДАЛИ “ДАЛЕРӢ”

Рӯзи 9 ноябр ба муносибати рӯзи таъсиси милитсия дар маҷлисгоҳи ВКД Тоҷикистон як ҷаласаи тантанавӣ доир шуд. Вазири  корҳои дохилӣ генерал-полковник Рамазон Раҳимзода  дар ин ҷаласаи тантанавӣ ба  шаҳрванд Хидиров Зафар Абдуғаниевич медали “Далерӣ”-ро супурд.  Маркази матбуоти ВКД бидуни ироаи ҷузъиёти корнамоии Зафар Хидиров гуфт, ки ин шаҳрванд  бо фармони вазири корҳои дохилӣ “барои ҳамкорӣ бо мақомоти милитсия ва сари вақт хомӯш намудани сӯхтор” бо медали “Далерӣ” сарфароз гардонида шуд.

Дар сомонаи ВКД видеои хомӯш кардани сӯхтор низ нашр шудааст.

Парвина Гулова, яке аз сухангӯёни ВКД баъдан дар Фейсбук бархе ҷузъиёти корнамоии Зафар Хидировро нақл кард. Ӯ навишт, шаби 2-юм ба 3-юми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 02:00, дар истгоҳи назди меҳмонхонаи “Авесто” дар нуқтаи фурӯши хӯрокҳои тезпазак сӯхтор ба амал омад.

Ҳангоми аз роҳ гузаштан шаҳрванд Хидиров Зафар Абдуғаниевич ин ҳодисаро дида, бетарафӣ зоҳир накарда, бо матонату шуҷоат қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда, оташро хомӯш намуд. Дар ҳақиқат дуруст қайд намудаанд, ки:

Бикуш оташи хурд пеш аз газанд,

Ки гетӣ бисӯзад, то гардад баланд!

Рафтори ин ҷавонмард намудани ибрат буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ ёфт”, – навиштааст Парвина Гулова.

Дар ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси милитсия як қатор кормандони корҳои дохилиро “барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ” бо рутбаҳои навбатӣ, нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Рамазон Раҳимзода дар суханрониаш дар ин ҷаласа  ба нақши милитсия дар татбиқи сиёсати давлат, меъёрҳои қонунгузорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷиноят, боздошти нафарони ҷиноят содирнамуда ва муҳимтар аз ҳама амнияти побарҷои сартосарӣ дар Тоҷикистон таъкид карда, гуфтааст, “мардум дар симои милитсия симои давлатро мебинанд ва имрӯзҳо кормандони мақомот бо фаъолияти оперативӣ-хизматии намунавӣ боварию эътиқоди аҳолиро нисбат ба ниҳодҳои давлатӣ бештар намуда, дар иҷрои рисолати касбӣ нақши бориз доранд.”

Соҳибназарон мегӯянд, ки милитсия барои ҳифзи қонуният дар Тоҷикистон нақши муҳим дорад, вале мушкилоте, чун коррупсия, порахӯрӣ, шиканҷа, пӯшондани парвандаҳои марбут ба афроди пурнуфуз ва ҳамчунин истифода шудани милитсия барои таъқиботи сиёсӣ, ба обрӯ ва нуфузи он  дар ҷомиа таъсири манфӣ мегузоранд.

Аз соли 2010 ба ин тараф, барномаи ислоҳоти милитсияи тоҷик ва табдили он ба пулис идома дорад, ки як ҳадафаш боло бурдани обрӯву нуфузи мақомоти корҳои дохила ва пок кардани домани ин мақомот аз доғи шиканҷаву коррупсия ва дигар тахаллуфот ном бурда мешавад. Вале ин барнома ба далели камбуди сармоягузории беруна то ҳол иҷроношуда боқӣ мондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button