ВидеоСиёсат

АКМАЛ АСТАНАЕВ, ЯКЕ АЗ ВЕТЕРАНҲОИ “ГУРУҲИ 24” ТАРКИ ИН ГУРУҲИ ОППОЗИТСИОНӢ КАРД (ВИДЕО)

“Гуруҳи 24”, як ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯъ, эълон кард, ки рӯзи 30 октябр Акмал (Ҳукумат) Астанаев, яке аз ветеранҳои ин ҳаракат “бо хоҳиши худ аз узвият дар ин созмони сиёсӣ хориҷ  шуд.”

“Гуруҳи 24” бидуни овардани сабабҳои мушаххаси хуруҷи Астанаев ёдовар шудааст, ки бар асоси оинномаи гуруҳ, пайвастан ва хуруҷи ҳар нафар ба ё аз ин созмон ихтиёрист ва Астанаев низ аз ҳамин ҳаққи худ истифода бурдааст.

“Гуруҳи 24” бо тавсиф  ва изҳори сипос аз собиқаи фаъолияти Акмал Астанаев дар саффи ин ҳаракати оппозитсионӣ ва орзуи  муваффақият дар зиндагӣ ва корҳои минбаъдааш дар баёнияи худ таъкид кардааст, ки “ӯ дар давоми фаъолияташ бо раёсат ва аъзои дигари созмон муносибати хуби корӣ дошт ва аз уҳдаи вазоифи гузошташуда ба хубӣ мебаромад.”

Акмал (Ҳукумат) Астанаев 6 апрели соли 1984 дар деҳаи Заркамари колхози ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Ӯ яке аз нахустин нафароне буд, ки баъди таъсиси “Гуруҳи 24” аз ҷониби соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов ба саффи ин ҳаракати оппозитсионӣ пайваст ва баъди манъи фаъолияти он ва таъқиби аъзояш дар Тоҷикистон ва кишварҳои СНГ ба Аврупо паноҳанда шуд. Вақтҳои охир Акмал Астанаев дар Ютуб канали худашро бо номи “Ходими халқ” таъсис дода, барномаи “Бидуни парда”ро пеш мебурд.

Акмал Астанаев рӯзи 31 октябр дар як пахши мустақим дар каналаш дар Ютуб гуфт, хуруҷаш аз “Гуруҳи 24” ба маънои хуруҷаш аз майдони мубориза нест. “Ман на ягон касро фурӯхтам ва на ба ягон ваъдае, ки дар вақташ ба Умаралӣ Қувватов дода будам, ваъдахилофӣ кардам. Ман ҳарчӣ метавонистам, барои “Гуруҳи 24” то имрӯз анҷом додам, аз ин пушаймон нестам. Аз баромаданам аз ин гуруҳ ҳам пушаймон нестам”, гуфт Астанаев.

“Гуруҳи 24” соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов баъди фирораш аз Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард.

Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Асосгузори ин ҳаракат Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истамбули Туркия дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд.

Баъди ин шумори зиёде аз аъзо ва тарафдорони “Гуруҳи 24” боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд ва қисми дигар ба кишварҳои Аврупо паноҳ оварданд ва ҳоло ин созмон асосан дар Аврупо амал мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button