ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ДУ КАС ДАР ДУ САДАМА ДАР ДАНҒАРАВУ ХУРОСОН ВА ДУЗДИИ ХӮРОКИ МУРҒОН АЗ ҶДММ “МУРҒПАРВАРИИ МУМТОЗ”

Рӯзи 5 сентябр дар ду садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон ва ҷамоати Корези ноҳияи Данғара ду пиёдагарди яке 64-сола ва дуюмӣ 21-сола зери чархи “Тойота Прадо ва “Тойота Кемри” ба ҳалокат расидаанд.

ххххххххххх

Ҷавони 25 ва марди 33-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод ба он гумонбар мешаванд, ки аз моҳи март то моҳи сентябри соли 2021 аз ҷои корашон: ҶДММ “Мурғпарварии Мумтоз”, воқеъ дар ҷамоати К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат  ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ хӯроки мурғонро дуздидаанд.

хххххххх

Сокини 41-солаи ҷамоати Шӯроби Исфара ба он гумонбар мешавад, ки шаби 15 август, тахминан соати 22:40, пинҳонӣ ба хонаи зани 29-солаи сокини ҷамоати Э.Шарипови шаҳри Конибодом даромада, аз дохили ҷевон 10 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 7 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани садамаҳои нақлиётии нохуш

Рӯзи 5-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Ландкрузер Прадо”, Раҳмонзода Маҷнун Саидмуддин, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи ”Душанбе-Бохтар”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Одилов Қамариддин Исломович, соли таваллудаш 1957, сокини ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, 5-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Кемри”, Шосаидов Умедҷон Рустамович, соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Корез ба самти маркази ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Давлатмуродов Давлатманд Сафаралиевич, соли таваллудаш 2000, сокини ҷамоати деҳоти Корезро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат мактуби роҳбарияти ҶДММ “Мурғпарварии Мумтоз” ворид шудааст, ки дар давоми аз моҳи март то моҳи сентябри соли 2021, кормандони ҶДММ-и мазкур ҷавони 25 ва марди 33-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод бо роҳи пинҳонӣ ба ҳамин корхона, воқеъ дар ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри Ваҳдат даромада, аз он ҷо хӯрокҳои паррандаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 250 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, нисбати марди марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Шӯроби шаҳри Исфара бо қисми 4 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки ӯ 15-уми августи соли 2021, тахминан соати 22:40-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Э.Шарипови шаҳри Конибодом даромада, аз дохили ҷевон 10 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button