КоррупсияХабарҳои кӯтоҳ

ПРЕЗИДЕНТ ДУ СУДЯРО БАРОИ “ПАСТ ЗАДАНИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРИ СУДЯ” АЗ КОР РОНД

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 август ду судяро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа озод кард. Бо чунин далели ҷиддӣ Абдураҳмонзода Умеда аз вазифаи судяи суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва Нозимзода Шодиҷон Латиф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон барканор карда шуданд.

Тафсилоти дигар дар бораи ин ду судя дода нашудааст, вале маъмулан додрасҳоро дар Тоҷикистон дар сурати ҳангоми гирифтани пора ё дигар ҷиноятҳои коррупсионӣ ба даст афтоданашон бо чунин далели бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз кор меронанд.

Ёдовар мешавем, ду рӯз пеш як манбаи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дода буд, ки кормандони дастгоҳи ҷумҳуриявии Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 20 август як афсари баландпояи милиса ва як додраси додгоҳи ноҳияи Шаҳритӯсро ҳангоми гирифтани пора ба маблағи бузург дастгир карданд.

Ба гуфтаи манбаи “Бомдод”, сардори бахши тафтишоти шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шаҳритӯс ва судя ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани пора ба маблағи 47 ҳазор сомонӣ (тақрибан 4 ҳазор доллар) дастгир шуданд ва ин маблағ аз онҳо ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.

“Сардори бахши тафтишот аз як нафаре, ки тафтиши парвандаашро ӯ худаш анҷом дода, парвандаро ба додгоҳ супурда буд. Вақте ки баррасии парванда дар додгоҳ идома дошт, ӯ ба “А” пешниҳод мекунад, ки агар 47 ҳазор сомонӣ биорад, ӯ, яъне муфаттиш бурда, ба судя медиҳад ва судя нафари айбдоршавандаро ба сари суд набароварда, озод мекунад. Афсари милиса ва судяро дар дохили мошин вақте дастгир карданд, ки онҳо пулҳои аз “А” гирифтаашонро мешумурданд”, – нақл кард ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Ба зидди судя ва афсари милиса бар асоси қисми чоруми моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи бузург парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.  Ин банди қонун ҳамчун ҷазо аз 7 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Манбаи “Бомдод” гуфт, имкон дорад, ки ба айбномаи онҳо кӯшиши пинҳон кардани ҷиноятро низ ҳамроҳ кунанд.

Судяи дар Шаҳритӯс дастгиршуда ҳамин Нозимзода Шодиҷон Латиф  буд.

Низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои аз ҳама фасодзада дар байни сохторҳои давлатии ин кишвар ба шумор меравад. Худи Тоҷикистон дар байни 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ҷой гирифтааст.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Абдураҳмонзода Умеда аз вазифаи судяи суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд,
Нозимзода Шодиҷон Латиф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
25 августи соли 2021
№241

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button