Нуқтаи назарҶомеа

ФЕЙСБУК ГУРУҲИ “АХБОР БАРОИ АФКОР”-РО БАРҚАРОР КАРД

Журналисти шинохтаи тоҷик Раҷаби Мирзо, муассиси гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор/Информация к размышлению”  рӯзи 25 август хабар дод, ки маъмурияти Фейсбук баъди 3 рӯз ин гуруҳро барқарор кардааст. Раҷаби Мирзо рӯзи 22 август хабар дода буд, ки Фейсбук ин яке аз пуртарафдортарин гуруҳҳо дар сегменти тоҷикии ин шабакаи иҷтимоиро, ки ҳудуди 75 ҳазор пайрав дошт, бо баҳонаҳои, ба таъбири ӯ, хандаоваре, ба мисли таблиғи …. фурӯши ҳайвонот ва фурӯши силоҳ бастааст.

Мо аз ибтидо ба ин назар будем, ки ин иттифоқ бо иштибоҳе сурат гирифтааст ва ҳатман ислоҳ мешавад. Фақат бояд ба суроғаи дуруст муроҷиат намуд. Дуруду сипос ба онҳое, ки барои пайдо намудани ин суроғаҳои дуруст ба мо кӯмак карданд. Ҳамчунин ба журналистону расонаҳое изҳори ташаккур, ки мушкили моро расонаӣ намуданд.

Ва инак “Ахбор барои афкор” умри дубора ёфт. Муборак бод! – навиштааст Раҷаби Мирзо.

Раҷаб Мирзо

Дуруд азизон!

Сипос ба ҳамаи онҳое, ки таи ин 3 рӯзи аз кор мондани “Ахбор барои афкор” бо мо буданд ва имкону фурсате ба ноумедӣ намедоданд.

Онҳое ҳам буданд, ки мегуфтанд фалону фалон гурӯҳҳо баста шуданд ва дигарбора натавонистанд фаъол шаванд. Шояд ва ё албатта онҳое ҳам дар ин миён ҳузур доштанд, ки изҳори хурсандӣ мекарданд…

Мо аз ибтидо ба ин назар будем, ки ин иттифоқ бо иштибоҳе сурат гирифтааст ва ҳатман ислоҳ мешавад. Фақат бояд ба суроғаи дуруст муроҷиат намуд. Дуруду сипос ба онҳое, ки барои пайдо намудани ин суроғаҳои дуруст ба мо кӯмак карданд. Ҳамчунин ба журналистону расонаҳое изҳори ташаккур, ки мушкили моро расонаӣ намуданд.

Ва инак “Ахбор барои афкор” умри дубора ёфт. Муборак бод!

Ин пеши мову Шумо масъулияти бештар аз пешинро мегузорад.

Мо албатта “заҳмати” онҳоеро, ки барои 3 рӯз аз кор мондани гурӯҳи мо мусоидат намуданд, дар ёд хоҳем дошт. Аммо сари онҳо зиёд фикр намекунем. Аслан одамони бекор думболи ин гуна корҳо мешаванд. Онҳое, ки кор мекунанд, барои ин вақту фурсат надоранд…

АЗ ХУДО МЕХОҲЕМ МОРО АЗ РОҲИ ҲАҚ ВА АРЗИШҲОЕ, КИ ПАЙГИРӢ МЕКУНЕМ, БЕРУН НАСОЗАД, ОМИН!

Раҷаб Мирзо , муассиси гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор/Информация к размышлению”  рӯзи 22 август хабар дода буд, ки маъмурияти Фейсбук ин гурӯҳро бастааст.  “Ахбор барои афкор/Информация к размышлению” бо наздики 75 ҳазор пайрав яке аз пурхонандтарин гуруҳҳо дар сегменти тоҷикии Фейсбук ба шумор мерафт.

“Сабабҳое, ки пеш меорад, бисёр хандаоваранд: фурӯши ҳайвонот ва ҳатто аслиҳа. Он чи ки мо ба ин корҳо умуман роҳ надодаем ва маълум аст, ки роҳ намедиҳем. На фурӯши ҳайвонот ва маълум аст, ки на фурӯши силоҳ, ки як масъалаи ҳуқуқист. Зимнан, ҳоло барои тафтиши дубора ба Фейсбук дархост фиристодаем. Интизор дорем иштибоҳи худро ислоҳ мекунанд”,  – навишта буд Раҷаби Мирзо дар саҳифаи худаш дар Фейсбук дар шарҳи ин мушкили пешомада.

Дар ин авохир “Ахбор барои афкор/Информация к размышлению” алакай дастикам сеюмин гуруҳи пурхонанда дар сегменти тоҷикии Фейсбук буд, ки  маъмурияти ин шабакаи иҷтимоӣ мебандад. Моҳи ноябри соли 2020 Фейсбук гуруҳи “Ман Хуҷандро дӯст медорам! Я люблю Худжанд!” –ро, ки низ беш аз 70 ҳазор пайрав дошт, баст. Маъмурони гуруҳ гуфта буданд, ки Фейсбук онҳоро ба нашри матлабҳои тарғиботӣ айбдор кардааст.  Маъмурони “Ман Хуҷандро дӯст медорам! Я люблю Худжанд!” он вақт гуфта буданд, ки барои бозбинии тасмими маъмурияти Фейсбук талош доранд ва ба зудӣ фаъолияти гуруҳро аз сар хоҳанд гирифт, вале бо гузашти қариб 10 моҳ ин гуруҳи пурхонанда дигар дар майдони Фейсбук зоҳир нашуд.

Моҳи июли соли ҷорӣ Фейсбук ҳамин тавр, “Мы-Таджикистанцы!/ Мо – Тоҷикистониён!”, гуруҳеро, ки бо наздики 190 ҳазор пайрав дуюмин гуруҳи пурхонандатарин дар сегменти тоҷикии Фейсбук ба шумор мерафт, баст. Маъмурони ин гуруҳ билофосила гуруҳи наверо бо айни номи “Мы-Таджикистанцы!/ Мо – Тоҷикистониён!” таъсис доданд, ки дар як моҳ алакай беш аз 11 ҳазор пайрав ҷамъ овардааст.

Дар сегменти тоҷикии Фейсбук гуруҳи аз ҳама пуртарафдор гуруҳе бо номи “Ахбори Тоҷикистон” буд, ки Парвиз Тағоев барои таблиғи раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода буд. Аммо чанд вақти ахир ин гуруҳ низ дар Фейсбук нопайдо шудааст.

Гуруҳи дигари пуртарафдор дар сегменти тоҷикии Фейсбук ҳоло гуруҳи “Новости Центральной Азии/Ахбори Осиёи Марказӣ/Central Asian News” аст, ки 131 ҳазор пайрав дорад. Гуруҳи “Бомдод – Минбари озод” низ бо 45 ҳазор пайрав аз гуруҳҳои пурхонандаи тоҷикӣ  дар шабакаи Фейсбук ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button