ИқтисодКоррупсия

БОЗДОШТИ ЗАМИНФУРӮШИ №1 ДАР ПАНҶАКЕНТ

Кормандони бахши Агентии мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон субҳи 24 август Фарҳод Муҳиддинзода, сардори Корхонаи фаръии давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” (собиқ МБТИ) шаҳри Панҷакентро  боздошт карданд.

Яке аз шоҳидони ҳодиса ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт: “Субҳ омаданд кормандони Агентӣ. Дар даруни ҳуҷраи кориаш чӣ гузашт, намедонам, вале Фарҳод Муҳиддинзодаро ба дасташ завлона зада, аз ҳуҷраи кориаш бароварданд. Ба дари ҳуҷраи кории ӯ муҳр ҳам заданд.”

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, Фарҳод Муҳиддинзода ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 10 ҳазор доллар дастгир шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ дар ивази ин маблағ қитъаи заминро дар назди як қисми низомӣ дар ҳудуди ҷамоати Чанор ғайриқонунӣ ба фурӯш задааст.

Фарҳод Муҳиддинзодаро дар Панҷакент “заминфурӯши №1” меноманд ва мегӯянд, бо вуҷуди онки барои буд кардани кори мардум пули зиёд талаб мекард ва мегирифт, кори мардумро сари вақт буд намекард ва ҳамаро зиёд саргардон мекард. Ӯро ҳамчунин ба  даст доштан дар “подставить” кардани чандин раиси ҷамоати  Панҷакент барои “гапногирӣ” ва кушодани парвандаҳо ба зидди онҳо айбдор мекунанд.

Мақомот то кунун боздошти Фарҳод Муҳиддинзодаро расман шарҳ надодаанд. Ин ҳам маълум нест, ки оё ӯ бар асоси моддаи 319 ба гирифтани пора айбдор мешавад ваё бар асоси моддаи 247 ба қаллобӣ?

Дар умум, фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  дар Тоҷикистон ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада табдил ёфтааст. Додситонии кулли Тоҷикистон ду ҳафта пеш гуфт, танҳо дар нимаи аввали соли 2021 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ беш аз 8928 гектар қитъаи замини ғайриқонунӣ тақсимшударо “ба ҳолати аввалааш баргардонданд.”

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода моҳе пеш  дар нишасти хабариаш эътироф кард, ки замин имрӯз мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст. Мо кормандони беинсофро аз кор меронем ва ҷазо медиҳем. Аз тарафи дигар, кадрҳои бовиҷдон ва саводнок намерасанд.”

Ориф Хоҷазода гуфт, дар мақомоти прокуратура дар робита ба муомилоти ғайриқонунӣ бо қитъаҳои замин 134 парванда боз шуда, дар ин парвандаҳо номи 11 корманди кумитаи замин, 40 корманди корхонаи “Сабти амволи ғайриманқул” ва 15 заминсозони ҷамоатҳо зикр мешаванд.Ӯ хабар дод, ки ахиран 8 раиси кумитаҳои идораи замини маҳаллӣ ва 9 директори корхонаҳои фаръии “Сабти амволи ғайриманқул” барои роҳ додан ба қонуншиканӣ аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

3 Comments

  1. Хело хуб шудааст морохам фиреб карданд аз номи хокиму чойнишини хоким гап зада касаму нома карда пулро гирифтанд фиреб карда гаштагенд хаммая,

  2. Кормандои бозраси автомобили, ки суи истифода аз мансабашон бо ронандахо дагали мекунанд, пул мегиранд барои чи кормандои корупсия аз болои инхо кор намекунанд? Оё кормандои БДА хизматчии давлатианд ё рекети давлати?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button