ВидеоМуҳоҷиронНомаҳо ба президентҶомеа

ЭЪТИРОЗИ ДАҲҲО НАФАР ДАР НАЗДИ ШАҲРДОРИИ ПАНҶАКЕНТ (2 АКС)

Субҳи 4 август даҳҳо нафар аз сокинони Панҷакент, ки  бояд тавассути Ӯзбекистон ба Русия сафар мекарданд, дар назди ҳукумати Панҷакент ҷамъ омаданд . Онҳо мегӯянд, ки дар даст чиптаи парвоз ба Русия аз фурудгоҳҳои Ӯзбекистонро доранд, вале аз шаби 3 август ба ин тараф касеро иҷозати убур аз гузаргоҳи Саразм дар марзи Панҷакент бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд намедиҳанд.  Дар ин бора хабарнигори “Азия Плюс” дар Панҷакент Хуршед Фозилов хабар додааст. Мардуми норозӣ гуфтаанд, ки агар аз марз гузашта натавонанд, чиптаҳои харидаашон месӯзад.  Бино ба гузориши “Азия Плюс”, шаҳрдори Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба назди мардуми  норозӣ баромада, ваъда додааст, ки барои ҳалли мушкили онҳо талош хоҳад кард.

Қаблан дар бораи эҷоди чунин мушкил дар роҳи убури марзи Ӯзбекистон дар гузаргоҳи Фотеҳобод низ гузориш шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки ҷониби Ӯзбекистон дар ин авохир кадом маҳдудияти наве барои равуои шаҳрвандон эҷод накардааст. Марзбонҳои тоҷик далели манъи убури марзро шарҳ надодаанд, вале гумон меравад, ки ин метавонад ба шурӯи тафтиши шикоятҳо дар бораи аз ҳар мусофири роҳии Русия аз 500 то 1000  сомонӣ “ҳақ” гирифтани кормандони марзбонию гумрук дар гузаргоҳҳои марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон мебошад.

Азбаски нархи чиптаҳои парвоз аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба Русия хеле баланд рафта, гоҳо ҳатто аз 1000 доллар ҳам мегузарад, бисёре аз сокинон маҷбур мешаванд аз тариқи Ӯзбекистон, ки нархаш нисбатан арзонтар аст, чипта бихаранд.

Қаблан пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дода буд, ки дар гузаргоҳҳои Саразм, Фотеҳобод ва Пахтаобод аз ҳар нафаре, ки тавассути Ӯзбекистон мехоҳад ба Русия биравад, мақомоти гумруку марзбонии тоҷик то 1000 сомонӣ пул талаб мекунанд. Корафтодагон ин пулканиро бо киноя “андози хуруҷ аз биҳишт” ном кардаанд.

АКСҲО АЗ “АЗИЯ ПЛЮС”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Дар ҳақиқат ин ҳақиқат аст ки дар таможни пул мегиранд то 1200сомони пули ҳар нафар мардумро гирифта баъдан онҳоро мегузаронанд

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button