КоррупсияНомаҳо ба президент

“АНДОЗИ … ХУРУҶ АЗ БИҲИШТ”: АЗ МУҲОҶИРОН ДАР САРҲАД КӢ “ДОЛЯ” МЕКАНАД?

Дар рӯзҳои охир ҳудуди 10 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба сабаби хеле баланд будани нархи парвоз аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон тавассути Ӯзбекистон мехостанд ба Русия сафар кунанд, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” шикоят карданд, ки ҳангоми убури марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон аз онҳо “доля”, яъне ҳаққи муайян талаб мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, аз ҳар нафаре, ки мехоҳад ба воситаи Ӯзбекистон ба Русия биравад, аз 400 то 1000 сомонӣ талаб мекунанд. Онҳое, ки маҷбур шудаанд, чунин “доля” бисупоранд, онро бо киноя “андози хуруҷ аз биҳишт” ном кардаанд.

Ин ҳолатҳо дар дастикам се гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон: Ойбек-Бекобод (дар марз бо вилояти Тошканд), Саразм- Ҷартеппа (дар марзи Панҷакент бо ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд) ва  Пахтаообод – Сариосиё (дар марзи Турсунзода бо вилояти Сурхондарё) ба таври мунтазам ҳар рӯз мушоҳида мешаванд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Бомдод”, онҳо бо марзбонҳо ва кормандони гумруки Ӯзбекистон вақти убури марз ягон мушкил надоранд, дар он сӯ ба ғайр аз санади ташхиси коронавирус чизи дигаре талаб намекунанд. Мушкил фақат бо мақомотест, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар марз истодаанд.

“Механизми “доля” кандан дар гузаргоҳи Саразм чунин аст: Сарбозони марзбон онҳоеро, ки зоҳиран ба мусофирони қасди сафари Русия дошта монанд мебошанд, муайян ва аз бақия ҷудо мекунанд. Бархе худашон нофаҳмида иқрор мекунанд, ки Русия рафтанианд. Онҳоеро, ки ошкор намекунанд, аксаран аз рӯи бағочашон муайян мекунанд, ки агар ҷомадон ё сумкаи калон дошта бошад, пас Русиярав аст. Хулас, онҳоро иҷозати гузаштан намедиҳанд ва мегӯянд, вақте ки сардор омад, бо ҳамон гап занед. Вақте одам ба қадри кофӣ ҷамъ шуд, сардори гузаргоҳи марзӣ меояд ва аз ҳар кадом пул талаб мекунад.  Аввал то 500 сомонӣ талаб мекард, ҳоло иштиҳояш чунон қозгир шудааст, ки ҳаққашро то ба 1000 сомонӣ бардоштааст. Фақат як далел дорад: Ман инҷоро пули калон дода харидам, бояд пуламро барорам. Ва ҳам ин ки: Ман тоқа намехӯрам, бояд ба боло ҳам “доля” диҳам. Мебахшеду лекин агар ӯ пул дода мансаб харида бошӣ, чаро пули пораҳои додагиву медодаи ӯро муҳоҷирони бечора пардохт кунанд?” – нақл мекунанд онҳое, ки дар гузаргоҳи Саразм ба супурдани “доля” маҷбурашон кардаанд.

Масъулияти гузаргоҳи Саразм бар уҳдаи қисми №0203 Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон аст. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 17 июн подполковник Ояҳмадов Фирдавс Самадович, яке аз фармондеҳони ин қисми низомиро  бар асоси қисми сеюми моддаи 391 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар беамалӣ, ки боиси марги инсон шудааст, ва сарбози қаторӣ Бегматов Илҳомжон Маҳмадаминовичро бар асоси қисми сеюми моддаи 110 ва қисми дуюми моддаи 373 дар расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудааст, ва поймол кардани оинномаи хидмати ҳарбӣ гунаҳкор шинохта, подполковникро ба 9 соли зиндон ва Бегматовро ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, бар асоси хулосаи тафтишот, “подполковник, Ояҳмадов Ф.С., ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳамчун шахси мансабдор бефаъолиятӣ ва беамалӣ нишон додааст. Аз ин ҳолат қаторӣ Бегматов И.М. истифода карда, 10 феврали соли 2021 соати 19:20 дақиқа дар назди ҳоҷатхонаи дидбонгоҳи сарҳадии №4 “Саразм” қисми ҳарбии зикршуда қаторӣ Алиев М.А.-ро дашному ҳақорат карда, қасдан бо дастонаш ба қафаси сина ва қисмати гарданаш зарба задааст. Дар натиҷа Алиев М.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бинобар норасоии шадиди кори дил, рагҳои хунгард ва нафаскашӣ вафот кардааст.”

Ва аммо баргардем ба мавзӯи “андози хуруҷ аз биҳишт”.

Дар гузаргоҳи Ойбек, ки бузургтарин гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба шумор меравад, механизми “доля” кандан аз сафаракиҳои Русияро каме “такмил” додаанд.

 Агар дар гузаргоҳи Саразм муҳоҷирони Русияраврр сардори гузаргоҳи сарҳадӣ “доля” баста бошад, дар Ойбек марзбонҳо  бо кормандони гумрук забон як кардаанд ва тавассути миёнаравҳо кор мекунанд.

“Инҷо миёнаравҳо кор мекунанд, чунки марзбонҳо ва кормандони гумрук метарсанд, ки мабодо ба даст биафтанд. Инҷо ҳам сафаракиҳои Русияро аз бақия ҷудо мекунанд ва вақте онҳо зиёд шуданд, миёнаравҳо пешашон меоянд ва пешниҳод мекунанд, ки агар касе 500 сомонӣ супорад, бе мушкил гузашта меравад. Касе розӣ шаваду “доля” диҳад, баъди чанде номашро гирифта, ҷеғаш мезананд ва аз марз мегузаронанд. Касе надод, намегузарад…” – нақл кард ба сомонаи “Бомдод” яке аз онҳое, ки ахиран аз гузаргоҳи Ойбек пул дода гузаштааст.

“Аҷиб он аст, ки инҷо кормандони гумрук иддао ҳам мекунанд, ки гӯё ин пулҳо ба хазинаи давлат меравад. Мегӯянд, ки азбаски манбаи даромади буҷа кам шудааст, ҳоло бо ҳамин роҳи андоз бастани онҳое, ки ба Русия мераванд, буҷаро пур мекунанд. Албатта, кам касе бовар мекунад ба ин афсона. Пул ба эҳтимоли ғолиб ба кисаи худи ин кормандони фасодзадаи қӯшунҳои сарҳаддӣ ва гумрук меравад, на ба хазинаи давлат”, – гуфт як “андозсупор” –и дигари гузаргоҳи Ойбек.

Ин дар воқеъ масъалаест, ки дахолати мустақими роҳбарони аввали Қӯшунҳои сарҳаддӣ, Хадамоти гумрук, Додситонии кул ва Агентии мубориза бо коррупсияро талаб мекунад, чунки инҷо сухан дар бораи обрӯи давлат ва сӯиистифода аз ин обрӯ аз ҷониби чанд корманди  баднафсу фасодзада меравад.

Албатта, “на болотар аз 500 доллар” барои як чиптаи парвоз то Русия ҳам бӯе аз инсоф намебарад ва ғорати рӯирости мардуми муҳоҷир аст, вале ба касе пӯшида нест, ки ҳатто бо ҳамин нархи дар ҳамаҷо чун “дастовард” эълонкардаи мақомот ҳам дар ягон ҷо чипта пайдо кардан амри хеле муҳол аст. Ба ин далел, ҳазорон нафар аз шаҳрвандони мо, ки муҳоҷират дар Русия манбаи асосии таъмини рӯзгорашон боқӣ мемонад, маҷбур мешаванд, ки тавассути кишварҳои ҳамсоя, асосан аз тариқи Ӯзбекистон ба Русия сафар кунанд. Вале ҳоло дар гузаргоҳҳо дар марз бо Ӯзбекистон аз ҳамин мардуми бе ин ҳам ночор, ки ба харидани чипта аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон зӯрашон нарасидааст, “доля”, ё “андози хуруҷ аз биҳишт” талаб доранд.

Умедворем, ки ба ин қазия мунсифона ва холисона расидагӣ хоҳад шуд, на аз тариқи троллҳо, ки ба муаллифи ин мақола дарбиафтанду ба сиёҳ кардани Тоҷикистон айбдораш кунанд. Бовар кунед, касе дар фикри сиёҳ кардани кишвар нест, ба ҷуз аз ин чанд баднафси кӯтоҳандеше, ки муҳоҷирони беҳуқуқ ва бечораро дар марз “андоз” бастаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

3 Comments

  1. Дуруст аст!ман худам бо чашмонам дидам шохид будам вактики мо аз марз мешузаштем хичкасро бе додани пул аз марз гузаштан намемонданд бинобарин ин мохам маблаг дода гузаштем то инки чиптахоямон насузад.

  2. Ассалому аллайкум варахмотуллохи баракотух…. худи мухочир бо чикадар азоб мебиед бо ин коро чидаркор хамон пулгираму хамлон сардорои болошон хамеш кушиай ягонтеш аз ягонтеш фаокияти надорад

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button